Бо фаро расидани фасли баҳор дар Тоҷикистон ҳазорон намуди гиёҳҳои шифобахш мерӯянд. Аз ҷумла, сиёҳалаф, чукрӣ, торон, шибит, рошак, қоқу, каравчак ва дигар намудҳои растаниҳои барои саломатӣ муфид дар мамлакати мо зиёд месабзанд. Истеъмоли ин растаниҳо бениҳоят муфид буда, ба сифати маводҳои зиддисироятӣ ва ё антибиотик хизмат мекунанд. Имрӯз мо дар бораи баъзе хусусиятҳои табобатии сиёҳалаф ба шумо маслиҳат медиҳем.
1. Дар таркиби сиёҳалаф йод хеле зиёд буда, ба гирифторони бемории ғадуди сипаршакл - ҷоғар фоида дорад.
2. Сиёҳалаф дарди сари бар асари камхунӣ ва норасоии витаминҳо пайдошударо рафъ месозад.
3. Сиёҳалаф аз витамини С, каротин ва фитонсид бой мебошад. Дар таркиби он ҳамчунин миқдори зиёди намакҳои минералӣ, оҳан, марганетс, калий, руҳ ва йод мавҷуд аст. Сиёҳалаф дорои фитонсидҳои фаъол, сахароза, кислотаи аскорбин (витамини С), бета-каротин (провитамини А) ва витаминҳои РР, В1, В2 буда, норасоии витаминҳоро бартараф месозад.
4. Сиёҳалафро барои муолиҷаи бемориҳои меъдаю рӯда, бахусус захми меъда ва гастрит бо туршии баланд истифода бурдан мумкин аст. Барги сиёҳалаф иштиҳоро кушода, ба ҷаббидани ғизо мусоидат мекунад.
5. Ин растании нодир дар таркибаш антибиотикҳои табиии фаъол дошта, ба мустаҳкамшавии системаи масуният кумак мерасонад.
6. Сиёҳалаф кори бонизоми дил ва рагҳои хунгарди онро таъмин менамояд.
7. Истеъмоли хӯроки аз сиёҳалаф тайёршуда натанҳо ба меъдаю рӯда, балки ба ҷигар ва дигар узвҳои инсон ҳам фоида дорад.
8. Сиёҳалаф асабро ором намуда, барои майнаи сар муфид аст.
Дар хотир дошта бошед!
Дар хотир бояд дошт, ки алаф дар замин мерӯяд, он бояд бодиққат шуста шавад, то пасмондаҳои хок тоза шаванд. Барои нағз тоза кардани алаф онро як соат дар оби шӯр тар карда, баъд тамоми хоки боқимондаро шуста, сипас аз он хӯрок омода намудан лозим аст. Истеъмоли гиёҳҳои баҳорӣ барои саломатии инсон хеле фоиданок буда, бе тарси зиёд шудани вазн онҳоро истеъмол кардан мумкин аст.
Пас, аз фурсат истифода бурда, бештар сиёҳалаф хӯред, то солим ва бардам гардед!