Модарон ва хоҳарони азиз!
Ҳамаи шуморо бо зеботарин иди сол Рӯзи Модар -8 Март самимона табрику муборакбод мегӯем. Пас аз Худованд танҳо модар аст, ки кулли инсоният дар наздаш зону зада, таъзим мекунад. Ҳар қадар бузургии Зан-модарро васф кунем ҳам, боз ҳам кам аст, аз ҳамин хотир, пеши шумо-модарони азиз сари таъзим фуруд оварда мегӯем: Ҳамду сано бод ба Модар, ба сарчашмаи безаволи ҳаёти инсонӣ!
Ба кулли бонувони тоҷик умри дарозу ризқи фаровон ва ба мисли баҳор сарсабзию шукуфоиҳои бепоёнро таманно намуда, ба ифтихори иди занон 8 далели ҷолибро дар бораи 8-март манзуратон месозем.
1. Дар Руми қадим ҷашни Занона вуҷуд дошт, вале он санаи 8—март ҷашн гиирфта намешуд. Дар он рӯз мардон ба занони худ тӯҳфаҳои гуногун тақдим мекарданд ва ҳатто ғуломон метавонистанд истироҳат кунанд.
2. Дар СССР иди 8- март муддати тӯлонӣ рӯзи кории оддӣ буд, аммо дар арафаи 20-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ 8- майи соли 1965 Рӯзи байналмилалии занон 8- март дар саросари давлати Шӯравӣ ид ва рӯзи истироҳатӣ эълон карда шуд.
3. Тибқи ҳама гуна пурсишҳо дар ҷаҳон, то 8 март 44% бонувон гулро тӯҳфаҳои интизортарин меноманд ва ҳар сол тақрибан 55% мардон ба хонумҳо гул тақдим мекунанд. Тахминан 15-16% -и хонумҳо мехоҳанд дар иди 8-март ба онҳо ҷавоҳирот ҳадя намоянд, вале танҳо танҳо 9% мардон ба занон зару зевар тақдим мекунанду халос.
4. Маъмултарин гуле, ки дар 8- март ба занҳо туҳфа мекунанд, гули лола мебошанд, зеро ин рӯз бо фарорасии фасли баҳор алоқаманд аст. Ба ғайр аз ин, гули лола назар ба садбарг ва дигар гулҳо арзонтар аст.
5. Рӯзи 8- марти соли 1910 лётчики фаронсавӣ Элиз де Ларош соҳиби унвони аввалин зани халабон дар ҷаҳон шуд, ки барои идоракунии ҳавопаймо иҷозатнома дошт. Ин як тасодуфи ҷолиб аст, зеро он вақт 8-март ҳамчун рӯзи Занон ҳанӯз ҷашн гирифта намешуд, гарчанде ки ҳамон сол ин ҷашн таъсис дода шуда буд.
6. Ҳоло 8 -март дар 31 кишвари ҷаҳон расман ҷашн гирифта мешавад. Тафовут дар он аст, ки дар баъзе давлатҳо онро танҳо ҳамчун як иди расмӣ ба хотири иҷрои ҚАРОРИ СММ ҷашн мегиранд, вале дар баъзе кишварҳо ин ҷашни воқеии занон аст.
7. Дар Ҷопон 8-март ҳамчун Рӯзи байналмилалии занон ҷашн гирифта намешавад, вале дар моҳи март занони ҷопонӣ якбора ду идро ҷашн мегиранд. Онҳо 3-март иди духтаронро ҷашн мегирад, рӯзи 14 -март бошад, мардуми Ҷопон “Рӯзи сафед”-ро таҷлил карда дар ин рӯз хонумҳо аз мардони дӯстдоштаашон тӯҳфаҳо мегиранд.
8. Таърихи 8- март аз соли 1977 оғоз меёбад, зеро маҳз дар ҳамон рӯз СММ қарор дод, ки ин рӯз ҳамчун Рӯзи байналмилалии занон” ҳисобида шавад, аммо на ҳамчун ҷашн, балки ҳамчун рӯзи муборизаи занон барои ҳуқуқҳои худ. Дар ин сана дар СММ чорабиниҳои гуногун баргузор мешаванд, ки ба беҳтар кардани сарнавишти занон ва баробар кардани ҳуқуқҳои онҳо бо мардон равона карда шудаанд.