74880 дона санги сунъӣ дар бадан
20.12.2025
Oila.tj
109

Ҳунарманди бритониёӣ оид ба грим - Ҳолли Мюррей ба Китоби рекордҳои Гиннес ворид шуд. Ӯ бадани худро бо 74 880 дона санги қиматбаҳои сунъӣ оро дод.

Барои ба даст овардани ин натиҷаи рекордӣ Мюррей ва гурӯҳи визажистҳояш 15 соат беист кор карданд. Ҳолли ҳатто кулоҳи махсус пӯшид, то ки сангҳо сару рӯяшро пурра пӯшонанд.

Рекорди пешин ба Федерика Черакки итолиёвӣ тааллуқ дошт, ки соли 2010 барои ороиши баданаш 33 139 дона сангро истифода бурда буд. Мюррей ин нишондиҳандаро на танҳо шикаст, балки беш аз ду баробар зиёд иҷро кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД