Дуздии гӯшвора, ангуштарин, гарданбанд, дастпона ва дигар ороишоти тиллоӣ пададаи номатлубе мебошад, ки мутаассифона вақтҳои охир тез-тез рӯй медиҳад. Ҳафтаи равон якбора ду ҳодисаи ба яғмо бурдани ороишоти заррин фош гашта, тиллодуздон ба чанг афтиданд.
Як зани 30-солаи сокини пойтахт ба шӯъбаи корҳои дохилии №1-и ноҳияи Сино бо аризаи шикоятӣ муроҷиат карда аз он шиква намуд, ки рӯзи 14-феврал аз мағозаи тилловориаш, ки дар ҳудуди бозори “Корвон” воқеъ мебошад, шахси номаълум ба маблағи 7200 сомонӣ ороишти зарринро ба яғмо бурдааст. Кормандони милитсия дарҳол аз паси ҷинояткор афиданд ва тавонистанд бо гузаронидани чорабиниҳои фаврии ҷустуҷӯӣ дар муддати хеле кӯтоҳ тиллодуздро дастгир кунанд. Дар содир намудани дуздии ҷавоҳирот як зани 37-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ гумонбар дониста шуда, айни замон тафтишот аз рӯйи ин қазия идома дорад.
Боз як ҳолаи дуздии ороишоти тиллоӣ санаи 17-феврал дар пойтахт ба қайд гирифта шуда, аз манзили истиқоматии як ҷавонзани 28-солаи сокини шаҳри Душанбе занҷираи заррини арзишаш 20000 сомониро ба яғмо бурданд, вале сирри дузд ба зудӣ ошкор гашта, ба чанг афтод. Дар содир намудани ин ҷиноят як марди 37-солаи сокини пойтахт гумонбар дониста мешавад. Айни замон корҳои тафтишотӣ дар ин самт идома доранд ва дар сурати исбот шудани гуноҳаш ин марди ошиқи тилло чанд соли умри азизашро дар пушти панҷараҳои маҳбас сипарӣ хоҳад кард.