Дар ин шабу рӯзе, ки тамоми ҷаҳон мубталои пандемияи Covid-19 гаштаааст, тамоми соҳаҳо зарари иқтисодиву молиявӣ дида истодаанд. Аҳли фарҳангу санъат, эҷодкорон ва махсусан, сарояндагон дар ин шабу рӯз чӣ ҳол дошта бошанд?!
Сомонаи “Оила” ба хотири бохабар шудан аз вазъи зиндагии ситораҳои эстрада дар шабу рӯзи пандемия бо баъзе аз ҳунармандон дар тамос шуда, аз ҳолу аҳволашон огоҳ шуд. Биёед, бубинем, ки коронавирус ба ҳаёти сарояндагони тоҷик то кадом андоза таъсир расонидааст? Дар ин шабу рӯз ҳунармандон аз кадом ҳисоб зиндагии худро пеш мебаранду чӣ мушкиливу дарди дил доранд?
ШАҲРИЁРИ ДАВЛАТ: ФИЛМАМ БАРОМАД!
- Дар ин шабу рӯз, ки баргузории тӯю маъракаҳо манъ карда шуданд, Шумо аз кадом ҳисоб зиндагӣ доред?
- Пулҳои захиракардаам албатта.
- Чӣ гуна худро аз сирояти коронавирус ҳифз намуда истодаед? Дар хона мешинед?
- Ман дар давраи пандемия як филми бисёр ҳам ҷолибро омода кардам, ки аллакай ба дасти мухлисонам расид ва баҳои баландро сазовор гардидам. Якуним моҳе, ки дар Тоҷикистон мардум карантинро риоя мекрданд, ман ягон рӯз дар хона нанишастаам. Пурра худро ба кино бахшида, дар он нақши асосиро бозидам.
- Он чӣ гуна филм будааст? Камтар дар борааш нақл мекардед.
- Не, муҳтавои филмро намегӯям. Худатон метавонад онро аз ютуб тамошо кунед. Агар ман нақл кунам дигар ҷолиб анмешавад бароятон.
- Ба хонандагони “Оила” дар ин давраи вазнин чӣ гуфтан мехоҳед?
- Ба ҳамаи он нафароне, ки наздиконашонро дар ин давра аз даст доданд, ҳамдардиамро мерасонам ва ба онҳое, ки аз ин дард азият мекашанд аз даргоҳи Худованд шифои комил мехоҳам. Хоҳиш дорам, ки саломатиашонро эҳтиёт кунанд, чунки ин вирус хатарнок аст.
P. S: Сомонаи "Оила" силсиласуҳбатҳояшро бо ситораҳои санъати тоҷик идома дода, ҳар рӯз соати 9:00 бардоштаҳояшро дар сомона нашр мекунад. Пагоҳ суҳбати моро бо Шабнами Собирӣ дар мавзӯи мазкур пайгирӣ намоед.