7 паҳлавон Тоҷикистонро дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш намояндагӣ мекунанд
Тоҷикистонро дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш, ки аз 4 то 9 -уми ноябр дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор мешавад, 7 паҳлавон намояндагӣ мекунанд.
Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон Ҳақдод Гулов, Сарвар Абдушукуров, Умар Шеров, Наврӯзи Каримзод, Ҳақназар Назаров, Саидҷамол Алимардонов ва Фирдавс Насимов шомил шудаанд.
Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқа барои ба даст овардани медалҳои чемпионати ҷаҳон бо намояндагони кишварҳои гуногун рақобат хоҳанд кард.