arzon replenishment
7 муъҷизаи Рамазон
16.03.2025
Oila.tj
565

Раҳмат ва мағфирати Аллоҳ ба бандагонаш дар моҳи шарифи Рамазон беандоза мебошад.

1. Барои ҳар як амали нек дар ин моҳ Худованд ба бандагонаш аз даҳ то ҳафсад ҳасана – бахшоиш ато мекунад. Дар ояти 160-и сураи Анъом Худованд мефармояд: «Ба ҳар некие, ки карда шуд, ӯро даҳчанд подош аст ва ҳар кӣ бадие кард, ба ҷуз мисли он ҷазо дода нахоҳад шуд ва барои онҳо беадолатӣ карда намешавад».

2. Барои тоату ибодат ва амали хубу накӯ, Аллоҳ нисбат ба моҳҳои дигар дар моҳи Рамазон ба андозаи бештар раҳмат мекунад.

3. Пайғамбари Худо, Ҳазрати Муҳаммад салаллаҳу алайҳи вассаллам гуфтанд: «Ҳар кӣ моҳи Рамазон, баъд шаш рӯзи аввалимоҳи Шавволро рӯза дошт, ба мисоли шахсест, ки тамоми сол рӯза доштааст» (Тирмизӣ, Саум, 53).

4. Рамазон – моҳи сабру таҳаммул ва тарбияи рӯҳ аст. Барои ҳар як шахс қалби худро ба макони меҳру адаб табдил додан, бо вуҷуди қудрату тавоноӣ фурӯтану шикастанафс будан, таҳаммул ҳангоми ғазаб ва хайру саховатмандиро нигоҳ доштану афзудани ин хислатҳо махсусан дар моҳи Рамазон савоби азим мебошад.

5. Бояд ҳар як шахси мусулмон эҳтироми моҳи Рамазонро ба ҷо оварда, тавассути некиву эҳсон ба ниёзмандону дармондагон мададу кумак расонида, аз бадгӯйиву ғайбат ва дигар гуноҳҳо худдорӣ кунад, дигаронро ба роҳи ростиву накӯкорӣ ҳидоят намояд.

6. Дар ҳадиси Расули Акрам салаллоҳу алайҳи вассаллам омадааст, шахсони дорандаи рӯзаи моҳи Рамазонро Худованд аз дарҳои Биҳишт, ки Райён мебошад, медарорад.

7. Дар ҳадиси шариф омадааст, ки Расули Худо рӯзе дар арафаи моҳи Рамазон фармуданд: «Рамазон, ин моҳи баракат, бар шумо фаро расид, моҳе, ки Худованд шуморо дар он зери пӯшиши навозишҳои худ қарор медиҳад: раҳматашро бар шумо фуруд меоварад, гуноҳҳоятонро фурӯ мерезад ва дуъоятонро иҷобат менамояд. Аллоҳ, дар ин моҳ ба амалҳои нек ва рақобат дар хайри шумо назар меафканад ва бо шумо дар миёни фариштагонаш ифтихор менамояд. Пас, аз худ хайру некиро ба Худованд нишон диҳед».

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД