Arzon Banner
7 АМАЛЕ, КИ ГРИППРО ТАБОБАТ МЕКУНАД
889

 

1.Дастонатонро шӯед

Қабл аз истеъмоли хӯрок, баъди аз кӯча ё ҷойҳои ҷамъиятӣ ба хона омадан ҳатман дастони худро шӯед. Бо обу собун шумо аз вирусҳои қабати пӯсти дастонатон халос мешавед. Дар як рӯз 2-3 маротиба дастонатонро муддати 20 сония шӯед, хусусан байни ангуштонро нағзакак собун занед. Баъди шустани дастон бо сачоқи коғазин ё дастмол хушконед.

2. Бе тавсияи табиб антибиотик нахӯред

Сабаби асосии пайдоиши бемории зуком ва грипп вирус мебошад ва танҳо дар баъзе ҳолатҳо ангезандаи он микробҳо буда метавонанд. Дорувориҳои антибактериавӣ вирусро нобуд намесозанд. Сабаби сар задани беморӣ ва антибиотики мувофиқро ба шумо танҳо табиб муайян карда метавонад. Худтабобаткунӣ манъ аст ва аксаран боиси тӯл кашидани беморӣ ва оқибатҳои ногувори он, хусусан дар кӯдакон ва нафарони калонсол мегардад.

3. Сирпиёзу пиёз ва чайқонидани гулӯ зукому гриппро рафъ намесозанд

Дар сурате, ки ҷараёни илтиҳоб аллакай фаро расида бошад, гармидиҳии иловагӣ сабабгори паҳншавии сироят ва бештар тӯл кашидани беморӣ мегардад. Сирпиёз ва пиёз ба пардаҳои луобӣ зарар расонида, қобилиятҳои муҳофизатиро заиф мегардонанд. Андешаи он ки малҳамҳои барои бинӣ муқарраршуда аз сироятёбӣ ҳифз мекунанд, комилан ғалат аст. Баръакс, малҳам мӯякҳои муҳофизатии дохили биниро ба ҳам часпонида, барои ворид шудани вирусҳо имкон фароҳам меорад.

  1. Ҳавои хонаро тоза кунед

Агар дар хона ё ҷои кор нафари бемор қарор дошта бошад, тоза кардани ҳавои утоқ кори ҳатмӣ аст. Тамоми рӯз кушода мондани тиреза лозим нест, зеро гармохунукшавӣ вазъиятро бадтар сохта, шумораи беморон бештар мегардад. Дар як рӯз 2-3 маротиба муддати 10 дақиқа ҳавои хонаро тоза кунед, кифоя аст. Ҳавои тоза вирусҳоро аз утоқ берун месозад.

5. Аз хоб сер кунед

Халал ёфтани реҷаи хоб ба қувваҳои муҳофизатии организм таъсири манфӣ мерасонад. Вояи муътадили хоб барои як шабонарӯз 8-8,5 соатро дар бар мегирад. Дар баробари ин, фаромӯш насозед, ки аз соати 22:00 то 23:00 шумо бояд аллакай дар бистари хоб қарор дошта бошед. Сабаб дар он аст, ки ҳормонҳои барои фаъолият ва саломатии ҷисм муҳим шабона ҳангоми хоб синтез мешаванд.

6. Бештар сайр намоед

Сайругашт гуфта, маркази савдо, мағоза ва дигар ҷойҳои маҳкаму дохили биноҳоро дар назар надорем. Ҷойи мувофиқ барои сайругашт боғ ва хиёбонҳои истироҳатӣ аст. Ҳатто сайругашти 20-30 дақиқагӣ дар ҳавои тоза масуниятро мустаҳкам месозад.

7. Парҳез накунед

Дар фасли сармо худдорӣ аз хӯрокҳои серғизо кори нодуруст аст. Аксарият ҳангоми парҳез ба витамину иловаҳои парҳезӣ (БАД) рӯ меоранд. Ба диққати чунин афрод мерасонем: Фаромӯш насозед, ки иловаҳои парҳезӣ ва витаминҳо, ғизоҳои сарироҳӣ ҳеҷ гоҳ ҷои сафедаву чарб ва карбогидратҳои табииро намегиранд. Ғизои комил истеъмол намоед, он ҳангоми мубориза бо бемориҳо ва мубодилаи муътадили моддаҳо муҳим аст. Ҳатман ба хӯроки худ гӯшт, моҳӣ, тухм, шир ва маҳсулоти ширӣ, кабудӣ ва сабзавотҳои мавсимиро илова намоед.

Саломат бошед!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД