Тоқидӯзӣ яке аз ҳунарҳои қадимаи халқи тоҷик буда, то даҳсолаи охир аз рушдкардатарин навъи ҳунар ба ҳисоб мерафт. Дар шаҳри ҳунармандони Истаравшан бонуе набуд, ки аз нозукиҳои ҳунари дӯхтани тоқии миллӣ воқиф набошад. Вале, солҳои охир таваҷҷӯҳ ба ин навъи ҳунар кам шуда сафи на танҳо тоқисозҳо, балки тоқидӯзҳо низ ниҳоят кам шудааст.
Ин навбат мо ба хонандагони сомонаи "Оила" аз зиндагии нафаре қисса мекунем, ки қариб 60 соли ҳаёташро сарфи ҳунари тоқидӯзӣ намудааст.
Хайринисо Азизоваро пиру барнои Истаравшан мешиносанд. Ӯ 86 сол дошта, соҳиби 12 фарзанд, 42 набера, 75 абера ва 3 чабера мебошад. Ин зани меҳнатӣ зиёда аз 50 соли умрашро ба ҳунар бахшидааст. Ин бонуи пурҳунар ҳанӯз аз овони 12-14-солагӣ ба ҳунари тоқидӯзӣ рӯй овардааст.
"Ҳанӯз хурд будам, ки модарам тоқӣ медӯхтанд. Ҳамроҳи он кас нишаста, ман ҳам нозукиҳои ин касбро аз худ кардам. Ҳамсояҳо, дугонаҳо омада менишастанду сӯҳбаткунон машғули тоқидӯзӣ мешуданд. Модарам тоқиҳоро дӯхта, тепчӣ мекарданд ва тоқии мукаммал омода менамуданд. Тоқидӯзӣ барои бонувон як роҳи даромад буд. Онҳо ба ин васила ҳам пайсае ба даст меоварданд ва ҳам хастагиашонро рафъ месохтанд," - гуфт қаҳрамони мо зимни сӯҳбат.
Холаи Хайринисо аз модараш дар баробари тоқидӯзиро аз худ кардан, ҳамзамон, нозукиҳои ҳунари рӯймолдӯзиро низ, ки он замон тараққӣ карда буд аз худ кардааст. Пештар, ки мошинаҳои дарздузӣ кам буд ва нархи гарон дошт, рӯймолҳоро дастӣ медӯхтанд. Холаи Хайринисо низ кӯшиш мекард ин ҳунарҳоро аз худ кунад, то дар оянда мададгораш шаванд ва чунин ҳам мешавад. Ӯ пас аз ба шавҳар баромадан низ пешаи худро тарк намекунад.
"Баъди ба шавҳар баромадан ҳам ба тоқидузӣ машғул будам. Ҳамин, ки вақти холӣ меёфтам тоқӣ ё рӯймол медӯхтам. Аксар вақт рӯзона ба кору бори хона, кишту дарав ва хизмати шавҳарро карда, шабонгоҳ ба тоқидӯзӣ машғул мешудам. Тоқидӯзӣ як кайфияту лаззати аҷибе дошт. Ҳафт нафар духтаронам ҳам ин касбро аз худ карданд. Солҳо бо нонпазӣ низ машғул шудам. Чун ба пирӣ расидам ва ҳам талабот ба ин намуди ҳунар кам шуд, зиёда аз 20 сол мешавад, ки аз тоқидузӣ дурам," - мегӯяд Хайринисо Азизова.
Дар гузашта пиру барно тоқӣ ба сар мекарданд. Тоқӣ зеби сари мардон ва нишони ғурури баланди онҳо буд. Кам марде ёфт мешуд, ки бе тоқӣ ба кӯча барояд. Ҳатто кӯдакони 4-5-сола ҳам ба сар тоқӣ доштанд. Тоқии онҳо бо зарҳалҳо оро ёфта буд.
"То имрӯз дар Истаравшан анъанае ҳаст, ки рӯзи тӯй ба домод аз тарафи волидайни келин тоқӣ, рӯймол ва ҷома медиҳанд. Домод онро рӯзи тӯй як бор ба бар мекунад. Пӯшидани ин либосҳо нишони мустақил ва марди комил шудани ҷавонмард буд. Ғайр аз ин, ҳама мардон дар сар тоқӣ доштанд. Аз ин рӯ, ҳунармандони тоқидӯз зиёд буданд. Занҳо ба василаи ин ҳунар ҳам пул кор мекарданд ва ҳам рӯзашон хуш мегузашт,"- иброз дошт ҳунарманд.
Холаи Хайринисо бар он назар аст, ки агар тоқипушӣ чун пештара боз ба мӯд дарояд, сафи ҳунармандони тоқидӯз афзуда, хатари азбайнравии ин ҳунар кам мегардад. Ҳамзамон, ӯ пешниҳод менамояд, ки назар ба пӯшидани тоқиҳои аҷнабӣ агар тоқиҳои милли худро ба сар намоянд баҳри ҳифзи фарҳанги ниё ва ба мерос гузоштани он саҳмгузор хоҳанд шуд.