Соли 2022 дастикам 60 оила аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба ноҳияи Зафаробод мекӯчанд. Бино ба иттилои Сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд Дониён Баҳром бештари ин оилаҳо аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба ноҳияи Зафаробод кӯчонида мешаванд.
Мувофиқи нақша дар соли 2022 аз Кӯҳистони Мастчоҳ 35 оила, аз Панҷакент 10 оила, аз Деваштич 8 оила ва аз ноҳияи Ашт7 оила бояд ба ноҳияи Зафаробод кӯҷонида шаванд. Ба гуфти Дониён ин кор бо мақсади иҷроиши Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28-уми ноябри соли 2020 таҳти № 648 сурат гирифта истодааст. Мақсади асосии кӯчони ин оилаҳо ба ноҳияи Зафаробод таъминоти бехатарии сокиноне мебошад, ки манзилҳояшон дар ҷойҳои осебпазир бунёд шудааст.
Хонаи дари бобоӣ азиз ё ҷон?
Дониён дар робита ба масъалаи муҳоҷирати экологӣ гуфт:
“Бо мақсади танзими масъалаҳои муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ, пешгирии ҳодисаҳои номатлуби табиӣ, ба мавзеъҳои бехавф кучонидани аҳолӣ, муайян намудани дурнамои муҳоҷирати дохилии аҳолӣ, банақшагирӣ ва ҳалли мушкилоти дар ин самт ҷойдошта аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолӣ ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ кӯчонидани муҳоҷирони дохилӣ ва экологӣ корҳои муайян ба анҷом расонида шуд.
Аммо баъзан минталилети тоҷиконаи “паю пайҷойи бобоиямро партофта намеравам” сабаб мешавад, ки бо вуҷуди хонаю дари тайёр ва ба қавле то сӯзану риштаро муҳайё кардани давлат шаҳрандон хоҳиши ба маҳалли дигар кӯчиданро надоранд.
Ҳар гоҳ тавонед рафта бинед, хонаҳо аз сабаби он ки намераванд, дубора таъмирталаб шуда хоб рафтааст. Шахсан ман худам бо чанд нафар сокиноне, ки бояд ба ҷойҳои бефавф кӯчанд, сӯҳбат доштам. Мебинам, ки меҳр ба зодгоҳашон ва ҳамон андешаҳое,ки бояд хонаю дари падарию бобоиро соҳибӣ карда гардем намегузорад, ки манзилашонро тарк кунанд.Оилае ҳастанд, ки хонаю дарро пурра бунёд карда медиҳем, вале мебинем, ки як фарзанд мераванду боз модар ҳамроҳи дигар фарзандонаш дар ҳамон манзили пештара мемонанд...”
Фарзона Муродӣ