Formula novemver 2024
6-роҳи ҷавону зебо гаштан дар фасли тирамоҳ
814

 

Ҳавои гарму тоқатфарсои тобистон боиси арақкунии шадиди пӯсти рӯй ва маҳкам шудани сӯрохиҳои пӯст гашта буд, акнун фасле фаро расид, ки пӯстро бояд қувват бахшида, нерӯяшро барқарор созем. Инак, дар фасли тирамоҳ бонувон барои нигоҳубину ботароват гаштани пӯсти рӯяшон бояд чӣ кор кунанд?

1. Малҳами аз офтоб ҳифзкунандаро напартоед! Аксари бонувон гумон мекунанд, ки фасли тобистон гузашту дигар малҳами аз офтобҳифзкунандаро молидан лозим нест, вале ин фикрашон иштибоҳ аст. Офтоби тобистон боиси беҷону нозук гаштани пӯсти рӯй гашта буд ва нурҳои офтоби тирамоҳӣ боиси зарари бештар дидани пӯст мегардад. Аз ин рӯ, молидани малҳами аз офтоб ҳифзкунанда шарт ва ҳатмӣ аст.
2. Пӯстро ҳар рӯз тоза кунед. Барои тоза кардани пӯсти рӯй аз лосён ва гелҳои шустушӯӣ истифода бурда метавонед, муҳимаш маҳлули рӯйшӯии шумо ҳам макияжи рӯятонро тоза кунаду ҳам сӯрохиҳои пӯстро аз ифлосиҳо пок созад. Боз як чизро фаромӯш насозед, ки дар фасли тирамоҳ барои он ки пӯст хушк нагардад, бо оби гарм рӯй шустан лозим аст.
3. Нармкунонӣ. Барои нарм кунонидани пӯсти рӯй аз гиёҳоби бобуна ё чойи кабуд истифода баред. Баъдан малҳами нармкунанда молидан лозим аст. Ҳар қадаре малҳам равғанин бошад, ҳамон андоза пӯст намиро нигоҳ медорад. Дар ҳавои хушки тирамоҳӣ нарм нигоҳ доштани пӯст хеле муҳим аст. Аз як намуди малҳам истифода набаред, ҳатман малҳами рӯзонаву шабона гиред.
4. Доғҳои пигментиро тоза мекунем
Фасли тирамоҳ барои тоза кардани доғҳои пигментӣ давраи хеле мусоид аст. Барои тоза кардани доғи пӯст аз оби лиму, гиёҳоби бобуна ё перекиси водород истифода бурдан мумкин аст. Агар шумо дар пӯсти рӯятон доғ дошта бошед, ним қошуқча оби лимӯ, як қошуқча перекис водороди 3% -ро омезиш дода, маҳлули омодашударо ба пӯсти рӯй молед ва баъди 25 дақиқа шустушӯ кунед Инчунин метавонед аз ниқоб ва малҳамҳои тайёри мағозагӣ истифода баред.
5. Витамин хӯред
Агар дар фасли тирамоҳ рӯзҳои борониву абрнок зиёд шаванд, ҷисми инсон ба витамини D ниёз пайдо мекунад. Норасоии ин витамин иммунитетро заиф ва ҳолати пӯстро бад месозад. Дар натиҷаи норасоии витамини D пӯст ҳассос гашта, доначаҳои сурх пайдо мекунад. Аз ин рӯ, бештар дар ҳавои офтобӣ гашта, маҳсулоти дорои равғани моҳӣ, шир, тухм, шарбати афлесун, озодмоҳӣ (лосось), ҷигари гов ва соя истеъмол кунед.
Витамин А-ро танҳо шабона ҳафтае ду маротиба истеъмол намудан лозим аст, зеро он бо нури офтоб мувофиқат намекунад.
Дар тирамоҳ малҳамҳоеро интихоб намоед, ки дар таркибашон витамини Е дошта бошанд.
6. Сабзавот хӯред
Тирамоҳ фасли сабзавотҳо аст. Маҳсулоти тирамоҳӣ истеъмол кунеду бештар пиёда гардед. Ҷисми худро барои фасли зимистон омода созед, он гоҳ дар фасли баҳор аз норасоии моддаҳои муфид азият намекашед. Сири зебоӣ дар тирамоҳ ин хоби солим, нури офтоб ва витамин аст!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД