Аарян Шуклаи 14-сола аз иёлати Маҳараштраи Ҳиндустон бо қобилияти фавқулодаи ҳисобкунӣ борҳо рекорди ҷаҳонӣ гузоштааст. Ҳамин аст, ки номи ӯ шаш маротиба ба «Китоби рекордҳои Гиннес» барои иҷрои ҳисобҳои мураккаб дар муддати кӯтоҳ ворид шудааст.
Моҳи феврали соли равон бошад, дар Дубай ӯ аз озмоишҳое гузашт, ки барои устодони варзидаи математикаи зеҳнӣ душвор буданд. Аз ҷумла: ҷамъ кардани 100 рақами чоррақама дар 30,9 сония ва 200 рақами чоррақама дар 1 дақиқаю 9,68 сония. Ҳамчунин, 50 рақами панҷрақамаро дар ҳамагӣ 18,71 сония ҳисоб кард.
Дар амали зарб бошад, Аарян 10 мисоли панҷрақамаро дар 51,69 сония ва 10 мисоли ҳаштрақамаро дар 2 дақиқаю 35,41 сония ҳал намуд.