arzon replenishment
6 қоидаи муҳими интихоби мизи дарстайёркунӣ барои кӯдакон
446

Миз барои бароҳат дарс тайёр кардани кӯдакон хеле муҳим аст, вале онро бояд дуруст интихоб намуд. Имрӯз мо дар бораи чанд қоидаи муҳиме ба шумо - волидони азиз маълумот медиҳем, ки ҳатман бояд ҳангоми интихоби мизи дарстайёркунӣ барои кӯдакон ба назар гирифта шаванд.

1. Баландии мувофиқ

Миз бояд ба синну соли кӯдак мувофиқ бошад. Фарзанди шумо ҳанӯз ба боғчаи кӯдакона мерафта бошад, барои расм кашидан ва омодагӣ ба мактаб мизи баландиаш тахминан 40-50 см интихоб намоед. Чунин миз барои кӯдакони 3-6-сола мувофиқ аст. Барои кӯдакони синни хурди мактабӣ, яъне 7-12-сола миз бо баландии 55-75 см беҳтар аст.

2. Материал ва устуворӣ

Чизи дигаре, ки ҳангоми интихоби миз ҳатман бояд ба назар гирифта шавда, ин аз чӣ тайёр шудани он мебошад. Мизи аз чӯби табиӣ тайёршуда бехатар, вале гаронтар аст. Мизи пластикӣ сабук буда, хеле осон шуста мешавад, аммо бояд сифати баланд дошта бошад. Мизҳои аз металл ва MDF тайёршуда устувор ва пойдор буда, барои истифодаи дарозмуддат мувофиқанд.

3. Бароҳатии миз

Миз бояд шакли қулай дошта бошад, то кӯдак рост нишинад ва қоматаш дуруст рушд кунад. Имкон бошад, мизи танзимшаванда гиред, то онро бо ҳолати кӯдак муносиб намудан имкон дошта бошад.

4. Хусусиятҳои иловагӣ

Агар кӯдак мактабхон бошад, миз бояд ҷевонча ё раф дошта бошад, то китобҳо ва лавозимоти хонишро нигоҳ дорад. Баъзе моделҳое ҳастанд, ки сатҳи нишастанро хам карда, мизро ба тахтачаи рассомӣ табдил додан имкон дорад.

5. Бехатарии миз

Миз набояд кунҷҳои тез дошта бошад, то кӯдак осеб набинад. Материале, ки миз аз он тайёр шудааст, бояд заҳролуд набошад, яъне бидуни моддаҳои зараровар, масалан, BPA дар пластик.

6. Тарҳи ҷолиб

Миз бояд ба завқи кӯдак мувофиқ бошад, масалан, бо рангу нақшҳои дӯстдоштааш. Агар кӯдак ҳаваси хониш ва рассомӣ дошта бошад, мизе бо рӯи магнитӣ ё тахтачаи рассомӣ хуб аст.

Агар бори аввал миз мехаред, беҳтараш кӯдакро ҳамроҳатон баред, то ӯ низ мизро санҷида, бароҳат будани онро эҳсос кунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД