Наврӯзи Истаравшан аз қадим бо шукуҳу шаҳомат урфу одат ва анъанаву суннатҳои хоси худ шӯҳрати зиёд дошта, аз шаҳру навоҳии ҳамсоя низ даста-даста одамон барои дидани ҷашни Наврӯзии Истаравшан меомаданд.
Ривоят мекунанд, ки ҳатто сарлашкари машҳури Юнон-Искандари Мақдунӣ таҷлили бошукӯҳи Наврӯзӣ Истаравшанро дида, ин ҷашни моро хуш пазируфтааст ва баъди тамошои ҷашни наврӯзӣ ба фарҳангу тамаддуни ин диёр хайрхоҳ гаштааст. Расму русуми наврӯзӣ, ки тӯли садсолаҳо доир мешуд, имрӯзҳо низ дар ин сарзамин роиҷ аст.
Бойчечак
Пайки баҳору Наврӯзро дар Истаравшан кӯдакон меоранд. Онҳо аз охирҳои моҳи феврал сар карда, аз талу теппаву дашт гули бойчечак мечинанд. Кӯдакон бойчечакро гирифта ба хонаҳои ҳамдеҳагони хеш мераванд ва аз омадани баҳори оламафрӯз мужда медиҳанд. Мардум ба оварандагони пайки баҳор ширинӣ ва тӯҳфаҳои гуногун дода, гули бойчечакро ба чашмонашон мемоланд ва шукрона мекунанд, ки ба баҳори нав расидаанд. Ин анъанаи кӯдакон қариб то даҳуми март идома меёбад.
Хонабаророн
Сокинони Истаравшан баробари омадани фасли баҳор тамоми ҷиҳози хонаро бароварда тоза мекунанд. Бо умеди дар хонаашон тамоми сол ҳукмрон гаштани покию тозагӣ ва сафаю сариштакорӣ хонабаророн мекунад. Дар баъзе хонаҳо анъанае ҳам ҳаст, ки ҳар сол як маротиба хонаро рангубор карда, ҷиҳози онро дигаргуна ҷо ба ҷо мекунанд. Яъне ба соли наву рӯзи нав бо тозагиву озодагӣ қадам мемонанд.
Ҷуфтбаророн
Анъанаи дигари Истаравшаниён ҷуфтбаророн ном дорад. Ҷуфтбаророн дар оғози фасли баҳор миёни деҳқонон баргузор мегардад. Нафаре, ки замини кишт дорад ба деҳқонон оши палав пухта дар чойхона ё дашт онҳоро меҳмондорӣ мекунад. Занҳо дар ин вақт чалпак (нонест, ки аз хамири тунук рост карда ба равған мепазанд) пухта ба деҳқонон мебаранд. Онҳо чалпакро хӯрда даст ба дуо мебардоранд, ки соли сериву пурӣ ояду марди деҳқон ҳосили хуб ба даст орад. Як нафар аз деҳқонони куҳансол равғани чалпакро гирифта ба шохи ду ҷуфти гов мемоланд. Ҷуфти говро ба замини кишт етал мекунанд. Ба воситаи он ҷӯй мекашанд. Ҳамин тавр анъанаи ҷуфтбаророн ба анҷом мерасад.
Ҷуфтбароронро дар баъзе маврид якчанд деҳқонҳо якҷоя баргузор мекарданд. Имрӯзҳо ин анъана хеле кам барпо мешавад.
Идӣ ва хонагардак
Идиро нафароне ташкил мекунанд, ки ба хонаашон арӯси нав гирифтаанд. Модари арӯс дар ин рӯз шириниҳои ҳархела аз қабили чак-чак, самбусаи варақӣ, салла, торт ва дигар чизҳо меорад. Хешу табор ва дугонаҳои арӯс меоянду ӯро бо ид табрик мекунанд. Арӯс дар ин вақт либосҳои рангобаранг пӯшида ба онҳо салом медиҳад.
Хонагардиро бештар духтарчаҳо анҷом медиҳанд. Онҳо гурӯҳ-гурӯҳ ба хонаи нафароне, ки аруси нав доранд, мераванд. Гуларӯс ба духтарчаҳо салом дода, тӯҳфаҳо тақдим мекунад. Идӣ ва хонагардак натанҳо дар ҷашни Наврӯз, балки Истиқлолияту Ваҳдат, Рамазону Қурбон ва рӯзи Модарон баргузор мегардад. Ҳар соҳиби наварӯс танҳо дар яке аз ин ҷашнҳо идӣ баргузор мекунад.
Суманакпазӣ
Суманакро ҳамагон як сол мунтазир мешаванд, зеро он танҳо дар айёми Наврӯз пухта мешаваду халос. Дар ҳар деҳа ё гузар занҳо бо ҳам маслиҳат карда, пул ҷамъ мекунанд. Онҳо дар чойхона ё хонаи ягон нафар суманак мепазанд. Дастурхон ороста зиёфати Наврӯзӣ мехӯранд. То пухтани суманак бо рақсу бозӣ машғул мешаванд. Ҳамагон ба навбат сари деги суманак рафта бо нияти нек ва орзуҳои зиёд дегро мекобанд. Чун вақти кушодани рӯйи суманак меояд, ҳама ҷамъ омада мунтазири дидани рӯйи дег мешаванд. Ба гуфти мардум дар рӯйи суманаки дам хӯрда ҳар гуна манзара тасвир меёбад. Бархе онро ба дарахт, дигаре ба гул ва саввуми ба офтоб ташбеҳ медиҳад. Кӯҳансолон рӯйи онро гирифта ба хоҳишмандон медиҳанд ва зиёрат карда ба рӯяшон мемоланд. Онҳо мегӯянд рӯйи суманак чеҳраро таранг карда, аз нарак ва доначаҳо тоза мекунад. Суманакро дар доираи оила низ мепазанд.
Бозиҳои Наврӯзии кӯдакон
Фасли гарми омадан замон, кӯдакон бар ҳар гуна бозиҳои миллӣ машғул мешаванд. Онҳо аз газетаи кӯҳна, варақҳои гуногун ё сарафан, тавассути қамишу ширеш лайлак ё бодбарак месозанд. Кӯдакони хурдсол бошанд "булбулча" мепаронанд. Барои сохтани "булбулча" варақ ва ришта лозим асту халос. Варақро гирифта ду тарафашро қат мекунанд ва риштаро мебанданд. Ҳамин тавр "булбулча"-и омода шударо мепаронанд. Писаракон аз чуби дарахт чиллаку лоф месозанд. Чиллак майдаҳак буда, лоф калонтар аст ва барои задани чиллак истифода мешавад. Ин бозӣ қонунҳои ба худ хос дорад,ки кӯдакон аз он хуб огоҳанд. Духтаракон бошанд аз санг ҳаппакбозӣ мекунанд. Аз тӯб бошад "суча". "Суча" бозии духтарона буда, аз ду тараф бо туб нафари дар байн истодаро мезананд. Одами дар байн буда то задани тӯӣ ҳақ дорад бар мобайн истода худро аз тӯб муҳофизат кунад. Мутаассифона имрӯзҳо, ки бозиҳои телефонӣ баромадааст кам кӯдакон бо бозиҳои миллӣ машғул мешаванд.
Ҳамин тавр ин ҳама расму русуми қадимии мардуми Истаравшан то фаро расидани ҷашни Наврӯз доир мегардад. Баъд 21-уми (боз ҳамон вақт муайян мекунанд) таҷлили ид дар маркази шаҳр, варзишгоҳ, Қалъаи Муғ ё дигар ҷойҳои фарҳангиву фароғатӣ оғоз мегардад. Истаравшаниён наврӯзро то се рӯз ид карда ба хонаи якдигар меҳмонӣ мераванду дили ҳамдигарро шод месозанд. Калонсолон, пирону маъюбон ва ятимону камбизоатон дар ин рӯзҳо танҳоии худро ҳис намекунанд, ба қавле пою қадами меҳмон аз хонаи онҳо канда намешавад. Ҳамин тавр ҷашни Наврӯзи аҷам таҷлил карда мешавад.
Абдуғаффор Шодиев