Дар шаҳрҳои дудолудаи Ҳиндустон бо кӯмаки волонтёрон тақрибан 50 миллион дарахт шинонданд. Ҷашнвора рӯзи душанбе дар иёлоти Уттар-Прадеш (яке аз иёлоти сераҳолии Ҳиндустон) дар қисмати шимолии кишвар баргузор гардид. Бо саъю кӯшиши беш аз 800000 нафар ихтиёриён, ки аз тамоми қишрҳои ҷомеа буданд, 49,3 млн ниҳол дар давоми 24 соат шинонда шуд.
Маъракаи ниҳолшинонӣ касеро дар ин кишвар бетараф нагузошт, аз донишҷӯён сар карда, то занҳои хонашин ҳама ба ҳашар баромада, 80 намуд дарахтонро, ки аз 950 ниҳолхонаҳои гуногуни Ҳиндустон оварда шуда буданд, шинонданд. Ин дастоварди мардуми Ҳинд ба китоби Рекордҳои Гиннес ворид карда шуд.