5-уми декабр дар Тоҷикистон бориши барфу борон дар назар аст
04.12.2025
Oila.tj
235

Пагоҳ, 5-уми декабр дар Тоҷикистон ҳаво номусоид шуда, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ бориши борон ва барф пешгӯӣ карда мешавад.

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, 5-уми декабр дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ бориши борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. 4-уми декабр дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 10+15 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.

5-уми декабр дар ноҳияҳои алоҳидаи вилояти Суғд бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 7-12 метр дар сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 7+12 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда ва дар водиҳо бебориш пешгӯӣ мешавад. 5-уми декабр дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф дар назар аст. 4-уми декабр дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 9+14 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9 дараҷа хунук, рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.

4 ва 6-уми декабр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. 5 ва 7-уми декабр дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7-12 дараҷа хунук, рӯзона 3+8 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 17-22 дараҷа хунук, рӯзона 1-6 дараҷа хунук мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД