Бонувони зиёде шикоят мекунанд, ки бо фаро расидани фасли тирамоҳ наракҳои пӯсти рӯяшон зиёд мешавад. Аз ҳамин хотир мо қарор додем каме дар бораи сабабҳои пайдоиш ва роҳҳои халосӣ аз наракҳо маълумот диҳем.
Чаро дар рӯй нарак мебарояд?
Шумораи наракҳо бо анҷом ёфтани фасли тобистон дар рӯйи занону духтарон бештар мешавад, зеро пӯст аз таъсири сардии ҳаво дучори илтиҳоб мегардад. Сабаби дигари пайдоиши наракҳо дар пӯсти рӯй вайроншавии баланси гормонҳои андроген ва эстроген мебошад. Омилҳои дигаре, ки боиси пайдоиши нарак мегарданд, стрессу асабонят, аз ҳад зиёд истеъмол кардани ширинӣ, хӯрокҳои серравған ва донагӣ мебошад.
Витаминҳо гунаҳкор ё косметика?
Бояд гуфт, ки норасогии элементи Zn (цинк) ва витамини А боиси пайдо шудани наракҳо гашта метавонад. Истифодаи косметикаи сифаташ паст, суст шудани қувваи муҳофизатии организм-иммунитет ва пайдо шудани киста дар тумдонҳои зан низ боиси баромадани наракҳои бисёр дар пӯсти рӯй мегардад.
Роҳҳои пешгирии нарак
Барои пешгирии афзоиши наракҳо ба қоидаҳои зерин риоя намудан лозим аст:
1. Хӯрокҳоеро истеъмол кунед, ки дар хун миқдори ками қанд ҳосил мекунанд, яъне индекси пасти гленикелӣ доранд.
2. Бисёртар меваҳои тару тоза ва сабзавот истеъмол намоед.
3. Ғизоҳоеро истеъмол намоед, ки дар таркибашон миқдори зиёди элементи Zn (цинк) ва витамини А дошта бошанд.
4. Дар ёд дошта бтшед, ки кам кардани истеъмоли шир, ширинӣ, хӯрокҳои тез ва тезтайёр афзоиши наракҳоро пешгирӣ менамояд.
5. Хоҳед, ки нарак пӯсти шуморо безеб накунад, донагӣ нахӯред.
6. Зебо мондан хоҳед, бештар маҳсулотҳои баҳриро истеъмол намоед.
Табобатро сар кунед!
Фаромӯш накунед, ки аввали тирамоҳ барои табобати наракҳои пӯст созгор аст. Дар рӯятон нарак баромада бошад, ҳарчи зудтар табобатро бо кӯмаки табибон ё муттахассисони соҳа ба роҳ монед. Ба худтабобаткунӣ машғул нашавед, зеро ба ҷойи фоида шумо ба пӯсти худ зарар расонида метавонед.