Gazrpom april 2025
ТОЛЕЪНОМАИ 23-ЮМИ АПРЕЛИ СОЛИ 2025
1723

Ҳамал (21 март-20 апрел)

На ҳар орзуву ният амалӣ мешавад, бинобар ин ишқу муҳаббатро дар ҷои аввал нагузоред. Дар хона саросемагӣ хуб нест - тағйирот танҳо бо ризоияти аҳли оила мақбул аст. Дар касбу кор, лаҳзаи муносибро интизор шавед - бо сабр ва ҳамкорӣ муваффақ хоҳед шуд. Барои неру гирифтан, ба сайри тӯлонӣ ва ҳавои тоза бароед. Эҳтимоли фишорбаландӣ зиёд аст.

Савр (21 апрел-21 май)

Имрӯз рӯзи қабули қарорҳои муҳими ҳаётӣ аст. Ба зиндагии дигарон бидуни иҷозат дахолат накунед, ҳатто агар ниятатон нек бошад. Субҳ барои мулоқотҳои корӣ созгор аст. Аз иваз кардани ҷои кор худдорӣ намоед. Дар муносибатҳои ошиқона каме нофаҳмӣ сар мезанад.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Дар ишқу муҳаббат саросемагӣ накунед - қарорҳои шитобкорона ба ҳолати руҳиятон таъсир мерасонад. Яке аз наздикон ё дӯстон эҳтиёҷ ба дастгирии шумо дорад. Дар ҷойи кор шояд вақти иловагӣ талаб шавад. Барои харид ва фароғат фурсати муносиб аст. Ҳангоми варзиш эҳтиёткор бошед, то осеб набинед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Ба маҳбубатон шубҳа накунед - ин эҳсос метавонад муносибатҳои шуморо сард кунад. Муносибатҳо каме хунук мешаванд, бинобар ин ба камбудиҳои хона ва кор диққат диҳед. Мушкилоти пулӣ шуморо нороҳат мекунанд? Агар масъала ҷиддӣ набошад, аз фикри зиёд худро бемор накунед.

Асад (23 июл-23 август)

Агар муҳаббат мисли пешин дилатонро гарм накунад, каме истироҳат кунед ва роҳи дигари ба дӯстдоштаатон наздик шуданро биҷӯед. Дар касбу кор танҳо бо саъйу талош пеш меравед, вақтро беҳуда аз даст надиҳед. Монеаҳо муваққатӣ хоҳанд буд. Эҳтимол шахсе бо «энергияи манфӣ» шуморо нороҳат созад - эҳтиётро аз даст надиҳед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Дар ҷодаи муҳаббат имрӯз оромӣ аст. Ба наздикону фарзандон диққати бештар диҳед. Худро аз ҳад зиёд бо фикрҳои бад азият надиҳед. Ба маслиҳати дигарон камтар такя кунед, шумо худатон беҳтар медонед, ки дилатон чӣ мехоҳад. Ғизои хонагӣ беҳтар аз таоми беруна хоҳад буд.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Тағйирот дар муҳаббат аз шумо сарчашма мегирад. Агар ба дӯстдоштаатон меҳр надошта бошед, кӯшише ҳам накунед. Кори хона бисёр мешавад - қуввати худро дуруст тақсим кунед. Рӯз босуръат мегузарад - далер бошед ва аз имконот истифода баред. Шахсияти шумо метавонад дигаронро илҳом бахшад. Барои худ вақт ҷудо намоед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз эҳтимоли дидори ошиқона ва хотирмон вуҷуд дорад. Меҳрубониҳои ошиқатон ба зиндагии шумо шодӣ мебахшанд. Аз баҳсҳои бемаънӣ парҳез кунед - сулҳу оромӣ афзал аст. Дар кор ҳар як иқдом бояд бо андеша бошад. Бегоҳ эҳтиёткор бошед - шояд хароҷоти ногаҳонӣ пеш ояд. Кору истироҳатро дуруст тақсим кунед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Рӯзи пур аз нофаҳмиву моҷаро дар ҷодаи муҳаббат ва муошират аст. Корҳои вазнинро ба таъхир гузоред - эҳсоси сустӣ эҳтимол дорад. Замони хубест барои омӯзиш ва таҳқиқ. Барои пешравӣ фаъолият ва суръат зарур аст. Муҳаббат ва умед рӯҳияи шуморо боло мебаранд ва неруи тоза мебахшанд.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ҳама кор ба худ ҷонибдор хоҳед ёфт. Барои ҳаллу фасли масъалаҳо роҳҳои наву ғайримуқаррарӣ ҷустуҷӯ намоед. Дар масъалаҳои пулӣ эҳтиёт кунед. Варзишро фаромӯш насозед - ҳам барои тан, ҳам барои рӯҳ манфиат дорад.

Далв (21 январ-20 феврал)

Шиносоии нав метавонад ба зиндагии шумо ранги тоза бахшад. Барои суҳбати самимӣ бо маҳбуб вақт ҷудо кунед - ҳар мушкил ҳалшаванда аст. Ҷои корро бароҳат созед. Қарз гирифтанро ба таъхир андозед - шароит номусоид аст. Парҳези сабук ва ғизои солим фоидаи зиёд меорад.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Имрӯз маҳбубатон метавонад шуморо бо ҳадяи гуворо хушнуд созад. Равобит бо наздикон шояд печидатар шаванд - сабру таҳаммул пеша кунед. Нақшаҳои нав заҳмати бештар талаб мекунанд. Аз қарзгирӣ ва хароҷоти калон худдорӣ намоед. Ба дарди миён диққат диҳед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД