Formula novemver 2024
5 роҳи муҳофизати кӯдакон аз бемориҳои тирамоҳӣ
869

Бо сабаби тағйирёбии боду ҳаво дар фасли тирамоҳ кӯдакон тез-тез бемор мешаванд, бинобар ин, модар бояд ба саломатии фарзандонаш диққати ҷиддӣ диҳад. Имрӯз мо ба шумо - модарони азиз дар бораи роҳҳои пешгирии бемориҳои тирамоҳӣ маълумот медиҳем.

Кадом бемориҳои кӯдакона дар тирамоҳ авҷ мегиранд?

Кӯдакон дар фасли тирамоҳ бештар ба зӯком, фарингит, ринит, ангина, шамолкашии узвҳои роҳҳои нафас-бронхит, пневмания ва ғайра гирифтор мешаванд. Бар асари ин бемориҳо дар аксари ҳолатҳо табби кӯдак баланд шуда, беҳолу бемадор мегардад. Барои мубориза бо бемориҳои тирамоҳӣ системаи муҳофизатии организми кӯдак, яъне иммунитеташро пуркувват гардонидан лозим. Барои ин чи бояд кард?

Ба кӯдакон бештар витамин диҳед

Ба ғизои кӯдакон диққати ҷиддӣ диҳед. Дар фасли тирамоҳ ҷисми кӯдакон ба витамину минераҳо бештар ниёз пайдо мекунад, бинобар ин, ба фарзандонатон меваю сабзавоти тару тоза диҳед. Дар пурқувват шудани иммунитети кӯдак витамини С нақши муҳимро мебозад. Ин витамин дар таркиби меваҳои ситрусӣ-апелсин, мандарин, лимӯ фаровон аст. Манбаъи дигари витамини С ин хуч аст.

Дар фасли тирамоҳ ба кӯдакон хӯрокҳои тезтайёр- фастфуд ва бирёнию серравғанро камтар диҳед.

Сайругашт дар ҳавои тоза муфид аст

Сайругашт дар ҳавои тоза ва машғул шудан бо варзиши бадан дар пешгирии бемориҳои тирамоҳӣ таъсири муфид мерасонад. Барои он ки кӯдак ҳангоми сайругашт шамол накашад, либоси ба мавсим мувофиқ пӯшонед. Хунук нахӯрад гуфта ба кӯдакон чанд қабат либос пӯшондан дуруст нест, чунки кӯдак арақ мекунад ва ин боиси шамолкашӣ мегардад. Либоси тирамоҳӣ бояд он он қадар гарм ва бароҳат бошад.

Ба тозагӣ риоя кунед

Барои пешгирии бемориҳои тирамоҳӣ ба тозагӣ риоя намуда, ҳавои хонаро тез-тез тоза кардан лозим аст. Назорат кунед, ки кӯдакон бо дасти ношуста хӯрок нахӯранд ё меваҳои ношустаро ба даҳонашон наандозанд.

Ҳангоми эпидемия эҳтиёт бошед

Ҳангоми эпидемияи зӯком фарзандони худро аз кӯдакони бемор дур нигоҳ доред. Кӯдаконро дар вақти эпидемия ба ҷойҳои ҷамъиятӣ ва бозору мағозаҳо набаред.

Ба духтур муроҷиат намоед

Бо пайдо шудани нишонаҳои аввалини зӯком-баландшавии ҳарорати бадан, атсазании пай дар пай, маҳкамшавии бинӣ, беҳолию бемадорӣ, сулфа ҳатман ба духтури кӯдакона-педиатр муроҷиат намуда, фарзандатонро аз ташхиси табибон гузаронед ва табобат бигиред.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД