Vegapharm
5 РАФТОРЕ, КИ ОИЛАРО ВАЙРОН МЕСОЗАД
06.04.2021
ОИЛА
809

Дирӯзакак зиндагиятон ширу шакар барин ширин буду имрӯз бо дили нохоҳам ба хона меравед, чунки ҷангу ҷанҷоли беҳудаи ҳамсаратон ба дилатон задааст. Барои сохтани зиндагии чун асал ширин бояд сабабҳои ба оила роҳ ёфтани дилсардиро бидонед ва кӯшиш намоед, ки дар ҳаёти оилавиатон ба чунин хатогиҳо роҳ надиҳед. Инак:

1. Бевафоӣ

Дидан ё шунидани хиёнати одами дӯстдошта ниҳоят душвор аст. Ҷуфтҳое ҳастанд, ки бо вуҷуди аҳдшиканӣ ва хиёнат диданашон зиндагии оилавиро давом медиҳанд, вале лаззату маънии ҳаёт дар чунин оила батамом гум мешавад.

2. Пастзании шарики умр

Ба ҳеҷ ваҷҳ ҷуфти худро паст назанед, хусусан дар ҳузури дигарон. Шахси дӯстдоштаатонро паст зада, шумо қадру қимати ӯро ба хоки раҳ баробар месозед. Муҳаббати бузургтарин ҳам баъди чунин пастзаниҳо мемирад.

3.Муҳаббати интернетӣ

Бо пайдошавии Интернет шиносшавӣ хеле кори осон гашт. Одамон гоҳо ба сӯҳбатҳои ширини интернетӣ чунон дода мешаванд, ки дигар одами дар паҳлӯяшон мезистаро чашмашон намебинад. «Хайр ин чӣ бадӣ дорад? Бо интернет хиёнат карда намешавад-ку?!» мегӯянд аксарият, вале таъсири муҳаббатҳои вертуалӣ камтар аз хиёнат нест. Ишқбозиҳои интернетӣ таъсири худро ҳатман ба ҳаёти шахсӣ мерасонанд ва далели равшани ин гуфтаҳо бо ҳамин сабаб пош хӯрдану ҷудо шудани ҳазорон оилаҳои ҷавон мебошад.

4. Пулсарфкунӣ

Бе маслиҳат хариди калон кардан маънои онро дорад, ки шумо мехоҳед «кӯрпаро ба рӯйи худ кашед». Ин рафтор ҳатман ба девори бахтатон теша мезананд.

5. Одатҳои бад

Қиморбозӣ, майхорагӣ ё нашъамандӣ оилаи ободро вайрон месозад. Нимашаб масту аласт ба хона омадан умуман ба ақли солим рост намеояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Меҳрона 2021-04-06, 20:33
Салом ҳамаи гуфтаҳои шумо дар зиндагӣ ман аст ман ба хотири бачаҳоям сабр карда шиштакам аммо баъзе шароит маҷбур месозад то худамро кушам аммо бачаҳоям пеши роҳи маро мегиранд зиндагӣ сахт дорам хиёнати шавҳар мушту лагати шавҳар масту аласт омадани шавҳар ба хона дилгирам кардааст аммо ҳеҷ касеро надорам ки дард гуям чунки модари бечораям маро ба сад азобу машаққат калон карданд падару ако надорам хеле саргузашти талх дорам қиса кунам бисёр душворааст ин бахти дубора зиндагиамро якбор аз даст додам
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД