Хурсандии аҳли оилаи Исматовҳо он рӯз ҳадду канор надошт, охир чи тавр хурсанд нашаванд, ки баъди қариб 30 соли пур аз ранҷу азоб ба орзуи бузургтаринашон расиданд.
5 писари ин хонадон аз дидаи бино маҳрум буда, дар як ҳуҷраи хурдакаки хобгоҳ бо зану фарзандонашон умр ба сар мебурданд. Пас аз оне, ки сомонаи “Оила” аз ҳаёти талхи оилаи Исматовҳо бо унвони “Зиндагии 17 нафар дар як хона” навори видеоӣ таҳия намуда, яке аз соҳибкорони муваффақи ҷумҳурӣ, ҳоҷӣ Маҳмудҷон Муродов ба аёдати онҳо омад.
Ин марди раҳмдил натанҳо ба Исматовҳо, балки ба дигар сокинони хобгоҳи мазкур низ дасти ёрӣ дароз намуда, рӯзи 11-июл дар чанд деги калон ош монда, ба ҳамсояҳои ин оилаи маъюб ош дод, сипас аз Исматовҳо хоҳиш кард, ки ба мошинҳои овардааш савор шаванд. Касе аз аҳли оила намедонист, ки соҳибкори маъруф онҳоро ба куҷо мебарад, вале...
Баъдтар маълум шуд, ки Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Муродов барои ин оилаи камбағал дар маркази шаҳр ҳавлии хеле калон ва зебою пуршукуҳе харида, аллакай онро таъмир намудааст. Вақте ки калиди ҳавлиро ба дасти Исматовҳо супурданд, тамоми аҳли оила зор-зор гиря карданд, вале ин ашкҳо ашки шодӣ буданд.
Манзили нави Исматовҳо аз 5 ҳуҷра ва ҳавлии калон иборат буда, тамоми хонаҳо бо ҷиҳози рӯзгор аз қабили қолину парда, телевизор, яхдон, мошинаи ҷомашӯӣ, дастгоҳи хӯрокпазӣ ва косаву табақ ба пуррагӣ таъмин карда шудаанд.
Соҳибкори раҳмдил ғами хӯрду хӯроки маъюбонро низ хӯрда, анвои хӯрокаро аз қабили орду равған, биринҷу шакар, картошкаву пиёз ва ғайра захира намудааст, то Исматовҳо аз ягон чиз танқисӣ накашанд. Маҳмудҷон Муродов ҳамчунин барои се фарзанди ин оила, ки дар Русия дар муҳҷирати меҳнатӣ қарор доштанд, чиптаи ҳавопаймо харид, то ба Ватан ба назди волидон ва зану фарзандонашон баргардад.
Умедворем, ки дига соҳибкорон низ аз Маҳмудҷон Мурдов дарси ибрат гирифта, ба чунин оилаҳи ниёзманд дасти ёрӣ дароз мекунанд. Сомонаи “Оила” тайёр аст, ки дар чунин корҳои хайр бо тамоми тоҷирон, соҳибкорон ва дигар афрди накӯкор ҳамкорӣ намояд.