Arzon march 2024
5 маслиҳати муфид дар боби интихоби пойафзоли зимистона
454

Дар фасли зимистон чизе, ки беш аз ҳама барои ҳар як инсон зарур мебошад, ин пойафзоли гарм ва мувофиқест, ки обро нагузаронад. Имрӯзҳо дар бозору мағозаҳо садҳо намуд мӯзаҳои зебо ва хуштарҳ фурӯхта мешаванд ва аксаран кас саргум зада, намедонад кадомашро харидорӣ намояд. Имрӯз мо чанд маслиҳати муфидро дар боби интихоби пойафзоли муносиби зимистона манзуратон мегардонем.

Дар фасли зимистон пойафзоли босифатро интихоб кардан лозим аст, то ки ҳам гарм гирад ва ҳам дар барфу борон обро нагузаронад. Сифати пойафзол ба матоъе, ки аз он омода шудааст, вобастагӣ дорад. Мо ба шумо пойафзоли аз чарми аслӣ тайёршударо маслиҳат медиҳем.

Аксари дизайнерҳо ва мӯдшиносон ба бонувон пӯшидани мӯзаи аз зону болоро тавсия медиҳанд, зеро ин намуди мӯзаҳо пойҳоро то зону гарм нигоҳ медоранд. Албатта чунин мӯзаҳоро ҳам дар бозори оммавӣ ва ҳам дар мағозаю дӯконҳои маҳсулоти бренд пайдо кардан мумкин аст, вале нарх ва моделашон аз ҳамдигар фарқ мекунад.

Мӯзаҳои дароз пошнадор ва бепошна мешаванд. Мӯзаҳои пошнадор пойҳои шуморо дароз нишон медиҳанд, вале шояд кафи пойро он қадар гарм нагиранд. Дар сардии зиёд ё барфу борон пӯшидани ин намуди мӯзаро ба шумо тавсия намедиҳем.

Мӯзаҳои бепошна тагашон ғафс ва дарунашон серпашм буда, пойҳоро гарм мегиранд ва ҳамзамон хеле бароҳат мебошанд. Дар ҳавои боронӣ ва яхбандӣ пӯшидани ин модел мӯзаҳо хубтар аст, чунки гарм ва бехатаранд. Хоҳед, ки дар барф ва ях налағжед, чунин мӯзаҳоро интихоб намоед.

Бисёриҳо сарфаҷӯӣ намуда, кӯшиш мекунанд, ки мӯзаи нисбатан арзонтарро интихоб намоянд, вале фиреб мехӯранд, чунки пойафзол об мегузаронад ё мавсим ба охир нарасида медарад. Набояд фаромӯш кард, ки молҳои бренд сифати хуб дошта, обро намегузаронанд ва дурудароз хизмат мекунанд. Молҳои аълосифатро интихоб намуда, шумо худро аз гирифтор шудан ба ҳар хел бемориҳои илтиҳобӣ эмин медоред ва дар баробари ин пулатонро сарфа мекунед, чунки мӯзаи хушсифат метавонад чанд сол хизмат намояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД