formula feb 2025
5 ганҷе, ки худо дар моҳи шарифи Рамазон ба рӯзадорон медиҳад
15.03.2025
Oila.tj
100

Рӯза ва ё ба забони арабӣ - савм яке аз панҷ рукни асосии дини мубини Ислом мебошад. Гирифтани рӯза ба тамоми мусулмонон аз ҷониби Аллоҳ Таъоло фарз гаштааст.

Моҳи Рамазон – моҳи ибодату тиловати Қуръон, хайру саховат, шафқату бахшоиш, баракот, дастгирӣ ва мадади якдигар мебошад. Хусусияти асосии ин моҳи бузург дар он аст, ки дар ин моҳ – Қуръони азимушшаън нозил шудааст. Тавре дар сураи Бақара, ояти 185-и ин китоби муқаддас омадааст: «Моҳи Рамазон он аст, ки дар вай Қуръон – ҳамчун раҳнамо барои мардумон ва суханони равшан аз ҳидоят ва ҷудокунандаи ҳаққу ботил фуруд оварда шуд».

Ҳамчунин, дар моҳи Рамазон – Лайлатулқадр, яъне шаби Қадр мавҷуд аст, ки аз ҳазор моҳҳои дигар беҳтар мебошад. Нузули оятҳои Қуръон соли 610 дар моҳи Рамазон, шаби Қадр оғоз гардид, ки ҳазрати Ҷабраил алайҳиссалом аз ҷониби Худо нахустин панҷ ояти сураи Алақро ба Расули Акрам, Муҳаммади мустафо салаллоҳу алайҳи вассаллам, ки дар ғори Ҳирои Макка буд, овард. Дар ояти 97-и сураи Қадр гуфта шудааст: «Ба дурустӣ, ки Мо Қуръонро дар шаби Қадр нозил кардем». Аз ин ҷост, ки шахси мусулмон бояд ба дарки суханони ин китоби муқаддас кӯшиш ва мутобиқи гуфтаҳои он амал карда, камбудиҳои худро ислоҳ кунад.

Моҳи Рамазон – моҳи шафқату баракот ва раҳмату бахшоиш мебошад. Абуҳурайра разиаллоҳу анҳу аз суханони Пайғамбари мо – Муҳаммад салаллоҳу алайҳи вассаллам дар бораи фазилати ин моҳи бузург чунин гуфтаст: «Дар моҳи Рамазон Худованд ба умматони ман панҷ чизе дода, ки ба умматони пешин надодааст» ва он инҳоянд:

1. Дар шаби аввали Рамазон Аллоҳ ба умматони ман ба назари раҳмат менигарад ва ба ҳар касе, ки Аллоҳ ба назари раҳмат менигарад, ӯро аз азоби охират эмин медорад;

2. Бӯйи даҳони шахси рӯзадор дар назди Аллоҳ аз мушк беҳтар аст;

3. Фариштаҳо рӯзу шаб дуои бахшоиши гуноҳҳои бандагонро мекунанд;

4. Аллоҳ таъоло ба Ҷаннат супориш медиҳад, то худро барои бандагонаш оро диҳад, то ки пас аз азобу машаққати дунё ба Раҳмати додаи ӯ – Ҷаннат ворид шаванд.

5. Дар шабҳои охири моҳи Рамазон ҳамаи умматон бахшида мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД