Аксари модарони муосир дар сари гаҳвораи фарзандашон нишаста алла намегӯянд, ки ин ғалати маҳз аст. Алла танҳо барои хобондани кӯдак лозим нест, он ба саломатии тифлакон фоидаҳои зиёде дорад.
Якум:
Аллаи модар кӯдакро ором сохта, ба тифлаки шумо эҳсоси амният ва гармӣ мебахшад. Олимон исбот намудаанд, шахсоне, ки дар кӯдакӣ бо аллаи модар хоб мерафтанд, дар ҳаёт нисбат ба дигар ҳамсолонашон пешрав ва муваффақтар гашта, ба касалиҳои рӯҳӣ гирифтор намешаванд.
Дуюм:
Аллаи модар ба рушди нутқи кӯдак кӯмак мерасонад. Хоҳед, ки фазандатон тезтар гапзаниро ёд гирад, барояш ҳар шаб алла гӯед. Ба ғайр аз нуқт, аллаи модар ба ҳисси шунавоӣ ва хотираи кӯдак низ таъсири хуб мерасонад.
Сеюм:
Аллагӯйи меҳру муҳаббати модару кӯдакро бештар ва пайванди онҳоро қавитар месозад. Вақте модар алла мегӯяд, кӯдакро худро дӯстдошта ва муҳофизатшуда эҳсос мекунад ва дар оянда ҳамчун шахси ба худ боварӣ ва эътимод дошта ба воя мерасад.
Чорум:
Аллаи модар барои дар оянда ба ҳаёти ҷамъиятӣ ворид гаштани кӯдак заминаи хуб мегузорад. Кӯдак дарк мекунад, ки дар атрофаш одамони нек ҷамъ шудаанд ва муҳите, ки ӯро иҳота кардааст, ҷойи тарснок нест. Хоҳед, ки фарзанди шумо одамгурез нашавад, албатта ҳар шаб барояш суруди алла хонед.
Панҷум:
Алла гуфтани модар ба хоби бароҳат ва ороми тифл мусоидат мекунад. Кӯдак пеш аз хоб чеҳраи пур аз табассуми модарашро дида, энергияи мусбӣ мегирад, ки барои солиму бардам ба камол расиданаш кӯмак мерасонад.