arzon replenishment
400 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонида шуданд
741

Ҳудуди 400 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути барномаи бозгашт ба Ватан баргардонида шудаанд. Дар ин бора Холид Коссер, роҳбари Бунёди глобалии таҳкими устувории ҷомеа (GCERF) дар мусоҳиба бо РИА “Новости” хабар додааст.

Холид Коссер зимни суҳбат давлатҳои Осиёи Миёнаро бо кишварҳои аврупоӣ қиёс намуда, аз ҷумла чунин гуфтааст: "Агар Шумо Белгияро бо Тоҷикистон муқоиса кунед, дар Тоҷикистон мегӯянд, ки инҳо шаҳрвандони мо мебошанд ва мо дар назди онҳо масъулем, вале Аврупои ғарбӣ умедвор аст, ки одамон дар лагерҳо мемиранд ва мушкилот худ аз худ ҳал мешавад, танҳо чашм пӯшидан кофӣ хоҳад буд".

Роҳбари Бунёди глобалии таҳкими устувории ҷомеа (GCERF) таъкид намудааст, ки роҳбарони кишварҳои Осиёи Миёна ба фарқ аз давлатҳои аврупоӣ барои баргардонидани шаҳрвандонашон аз лагерҳои шимолу шарқи Сурия ҳамеша талош менамоянд. Бештари нафароне, ки ба Ватан баргардонида шудаанд, занон ва кӯдаконанд.

“Саволи мубрам ба мардон дахл дорад, яъне чӣ тавр баргардонидани одамоне, ки ба таври возеҳ ҷанг мекарданд. Онҳо террористон ҳастанд ва аксарияташон ба зиндон рафта, дар ҷаҳони зиндон радикализатсия мешавад",- гуфтааст роҳбари GCERF.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД