Миллиондори 56-солаи чинӣ Лянг Ши аввали моҳи июн бо тақрибан 13 миллион довталаб дар саросари кишвар имтиҳони дурӯзаи маъруф бо номи "гаокао"-ро супурд, аммо боз ноком шуд.
Ӯ 40 сол боз мекӯшад, ки ба донишгоҳи орзуҳояш – Донишгоҳи Сичуан дохил шавад, вале мутаассифона...
Дар ин бора шабакаи телевизионии CNN хабар додааст.
Лянг Ши дар ин муддат агарчи тоҷири маъруфу миллиондор шуда бошад ҳам, вале аз тасмими гирифтааш барнагашт.
Ӯ мегӯяд: «Гоҳо фикр мекунам, ки агар кӯшишҳоям умедворкунанда нестанд, пас, идома додани он маъное надорад, вале боз ба худ мегӯям, агар аз тасмими гирифтаам баргардам, шояд тамоми умр дар сари ҳар пиёла чой тамъи пушаймонӣ чашам».