Arzon march 2024
#4 СИТОРАҲО ДАР ДАВРАИ ПАНДЕМИЯ ЧӢ ҲОЛ ДОРАНД?
1365

Дар ин шабу рӯзе, ки тамоми ҷаҳон мубталои пандемияи Covid-19 гаштаааст, тамоми соҳаҳо зарари иқтисодиву молиявӣ дида истодаанд. Аҳли фарҳангу санъат, эҷодкорон ва махсусан, сарояндагон дар ин шабу рӯз чӣ ҳол дошта бошанд?!

Сомонаи “Оила” ба хотири бохабар шудан аз вазъи зиндагии ситораҳои эстрада дар шабу рӯзи пандемия бо баъзе аз ҳунармандон дар тамос шуда, аз ҳолу аҳволашон огоҳ шуд.

Биёед, бубинем, ки коронавирус ба ҳаёти сарояндагони тоҷик то кадом андоза таъсир расонидааст? Дар ин шабу рӯз ҳунармандон аз кадом ҳисоб зиндагии худро пеш мебаранду чӣ мушкиливу дарди дил доранд?

Дар ин шабу рӯз, ки баргузории тӯю маъракаҳо манъ карда шуданд, Шумо аз кадом ҳисоб зиндагӣ доред?

- Аз ҳисоби реклама даромад ба даст меорам ва саҳифаҳои интернетии худро бо селфиҳои зебоям ва сурудҳои дилнишинам рангин намуда, хотири ошиқони ҳунарамро шод гардонида истодаам. Илова бар ин чашм нарасад, рекламаҳо хуб омада истодаанд ва даромади ягонаи ман дар ин давраи пандимея аз ҳисоби ана ҳамин чиз аст.

- Мушкил нест дар хона нишастану аз саҳна дур будан?

- Бале мушкил аст. Чун ман ҳанӯз дар Донишкадаи санъат ба номи Мирзо Турсунзода таҳсил дораму дар ягон ҷойи доимӣ кор намекунам, дар хона дар ҳалқаи падару модар ва бобоу бибиям нишаста, бо интернет онлайн бо ҳаводорони ҳунарам дар тамос ҳастаму аз ҳолу аҳволашон бохабар мегардам.

- Чӣ гуна худро аз сирояти коронавирус ҳифз намуда истодаед?

- Бештари вақт дар хона ҳастам.

- Ба хонандагони “Оила” дар ин давраи вазнин чӣ гуфтан мехоҳед?

- Ҳамеша саломат бошанду худро эҳтиёт кунанд.

P. S: Сомонаи "Оила" силсиласуҳбатҳояшро бо ситораҳои санъати тоҷик идома дода, ҳар рӯз соати 9:00 бардоштаҳояшро дар сомона нашр мекунад. Пагоҳ суҳбати моро бо Моҳпайкар Ёрова дар мавзӯи мазкур пайгирӣ намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД