Беэҳтиёрии ронандагон ва пиёдагардон ҳангоми ҳаракат дар роҳ боиси тез-тез сар задани садамаҳои нақлиётӣ ва дигар ҳодисаҳои нохуш мегардад. Бисёр таассуфовар аст, ки танҳо дар бадали як шабонарӯз 4 нафар бар асари садамаҳои нақлиётӣ ҷони хешро аз даст додаанд.
Рӯзи 15-уми феврал, тахминан соати 08:45 ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Қараев Баҳриддин Равшанович, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи М. Маҳмадалиев ба самти кӯчаи Кари Манн дар рӯ ба рӯи бинои истиқоматии №100-и кӯчаи М. Маҳмадалиев, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада пиёдагард Абдуғаниева Савсан Маҳмадсодиқовна, соли таваллудаш 1977, сокини пойтахтро пахш намудааст. Дар натиҷа ин зани 43 сола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расид.
Аз ин ҳодиса ҳанӯз як соат нагузашта, боз садамаи дуюми марговар сар зад. Ин ҳодисаи нохуш тахминан соатҳои 09:30 ба вуқуъ пайваста, ронандаи автомашинаи тамғаи “Дайво-Нексиа”, Сулаймон Исломӣ, сокини ҷамоати деҳоти Ҷавонбахти ноҳияи Ховалинг, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Ваҳдат ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада пиёдагар Умеда Қутбиддиноваи 37 соларо пахш намуд. Ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Садмаи сеюми маргбор нимаи дуюми ҳамн рӯз сар зада, тахминан соатҳои 15.30 Элназаров Хуршед, ронандаи мошини мусофиркашии тамғаи “MAN Fortuna”, ки ба ширкати Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Холдинг Осиё гурӯҳ Тоҷикистон” тааллуқ дорад, ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Бохтар ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти С.Айнии ноҳияи Хуросон аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада пиёдагард Сафоев Бӯрӣ Авлиёевичро пахш кардааст. Пиёдагарди 66-сола бар асари захмҳои бардоштааш ҷон бохт.
Бегоҳи ҳамон рӯзи наҳс, тахминан соатҳои 17:30 ронандаи мошини “Дэу-Сиелло” Муллоев Фирӯз Икромович ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Бохтар ба самти ноҳияи Ҷ. Балхӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Истиқлоли ҳамин ноҳия аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада пиёдагарди хӯрдсол Рамазонӣ Ҳамза, соли таваллудаш 2012, сокини ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахшро пахш кард. Кӯдаки 9-сола бар асари ин садама дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, дар дили волидону пайвандонаш доғи абадӣ ниҳод.