Arzon march 2024
4 маслиҳати муфид дар боби интихоби соати занона
718

Соат натанҳо як василаи фаҳмидани вақт ва ба танзим даровардани кору бори худ, балки ҷузъи муҳими ороишот низ ба ҳисоб меравад. Махсусан бонувон соатҳои зебои дастиро дӯст медоранд, зеро он ба дастони нозуки зан ҳусни дигар зам мекунад. Аммо ҳангоми харидани соати дастии занона ба чанд ҷузъиёти муҳим аҳамият додан лозим аст.

Завқи занро ба назар гиред

Ҳангоми харидани соати занона синну сол, касбу кор ва табъу завқи хонумеро, ки соатро барояш ҳадя карданӣ ҳастед, ҳатман ба назар бигиред, зеро ҳар як намуди соат хусусиятҳои хоси худро дорад.

Соатҳои классикӣ ва элегантӣ

Longines - ин бренди швейтсарӣ бо соатҳои классикиаш машҳур гаштааст, ки нархашон нисбат ба дигар соатҳо хеле қимат, вале устуворанд. Соатҳои Longines бештар ба занони коргар ва мансабдор, ки дар чорабиниҳои расмӣ ширкат меварзанд, мувофиқанд. Соатҳои ин бренд бо истифода аз маводҳои баландсифат, ба монанди пӯлоде, ки занг намезанад ва тиллои сафед сохта мешаванд.

Rolex - яке аз брендҳои машҳури соатҳои шахсӣ мебошад. Ин бренд дар ҳақиқат дар бозор беҳтарин ҳисобида мешавад. Соатҳояш аслан бо усули классикӣ сохта мешаванд ва ҳеҷ гоҳ аз мӯд намераванд.

Cartier - соатҳои ин бренд бо сохти махсус ва зебоии беназирашон чашми касро мебаранд. Сифати баланд дошта, бештар ба бонувони машҳур муносибанд.

Соатҳои варзишӣ

Casio - брендест, ки бо соатҳои хушсифаташ машҳур гаштааст. Моделҳои гуногуни соатҳои Casio барои бонувоне, ки дар ҷодаи варзиш кор мекунанд ё ба он шавқу завқ доранд, беҳтарин туҳфа ҳоҳанд гашт.

Swatch - бренди ҷолиб ва рангин, ки соатҳоро бо услуби замонавӣ-модерн ва рангҳои гуногун пешниҳод мекунад. Соатҳои Swatch барои бонувони оддӣ дар истифодаи ҳаррӯза мувофиқ мебошанд.

Garmin ва Suunto - соатҳои махсуси варзишӣ барои кӯҳнавардӣ, давидан ва кумак ба мониторинги фитнес. Агар зан ба ҷадвалҳои ғизо ва ҳолати бадани худ диққат диҳад, соатҳои Garmin ва Suunto беҳтарин интихоб мебошанд.

Соатҳои мӯдшуда ва трендӣ

Michael Kors - бренде мебошад, ки бо соатҳои трендиаш машҳур гаштааст. Соатҳои ин ширкат тарҳҳои ҷозиби замонавӣ дошта, айни замон дар мӯд ҳастанд. Хоҳед, ки бонуи писандидаи шумо ҳамчун як зани замонавӣ диққати атрофиёнро ба худ ҷалб намояд, барояш соати боҳашаммати Michael Kors туҳфа кунед.

Fossil - брендест, ки соатҳои зебои қиматбаҳоро ба муштариён пешниҳод мекунад. Ба ғайр аз соатҳои нархашон хеле баланд ҳамчунин соатҳои динамикӣ ва классикӣ дорад.

Соатҳои смарт (ҳақиқӣ)

Apple Watch - бренди мазкур соатҳоеро ба муштариёнаш пешкаш месозад, ки натанҳо ба сифати соат истифода мешаванд, балки бо имкониятҳои ҷолиби ба осонӣ пайваст шудан бо алоқаи мобилӣ машҳур гаштаанд. Apple Watch функсияҳои мониторинги таносуб ва таърихро барои маълумоти рӯзмарра таъмин мекунад.

Samsung Galaxy Watch - барои корбарони Android, Samsung Galaxy Watch як интихоби хуб аст. Ин намуди соатҳо дорои функсияҳои мониторинг, ҳисобкунӣ ва маълумотҳои мавҷуд дар робита бо фитнес ва корҳои ҳаррӯза мебошанд.

Соатҳо аз кадом навъи маҳсулот сохта мешаванд?

Соатҳои дастии занона аз маҳсулоти гуногун сохта мешаванд:

1. Соат аз тило ва тилои сафед - ин намуди соатҳо бештар ба бонувоне муносибанд, ки ягон мансаб ё вазифа доранд ва дар чорабиниҳои расмӣ тез-тез баромад мекунанд.

2. Соатҳои керамикӣ ва пластикӣ - барои бонувоне муносибанд, ки аз паси мӯд мераванд ё ба варзиш майлу рағбати зиёд доранд.

Нархи соатҳои занона

Вобаста ба сифат, бренд, маҳсулоти истифодашуда ва имкониятҳои доштаашон нархи соатҳои занона аз ҳамдигар фарқ мекунад. Соатҳои моделҳои Casio, Swatch то 100 доллар арзиш доранд. Нархи соатҳои моделҳои Fossil, Michael Kors, Swatch 100 то 500 мебошад. Соатҳои Rolex, Longines хеле гарон буда, қиматашон 500 доллар ва аз ин ҳам бештар аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД