Formula novemver 2024
33 ҲАЗОР ДОЛЛАР БАРОИ РАҲОӢ АЗ ЗИНДОН
1425


Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти марду зане хабар медиҳад, ки ба қаллобӣ муттаҳам дониста мешаванд. Боздоштшудагон аз як ҷавонзан барои раҳоии бародараш ва зиндон ва аз зани дигар барои наҷоти шавҳараш аз суд маблағи калон гирифтаанд.

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ як ҷавонзани 27-солаи сокини шаҳри Турсунзода муроиат намуда, аз он шикят кардааст, ки моҳи июли соли 2020 як зани 46-солаи сокини шаҳри мазкур бо роҳи фиреб 13 ҳазор доллари амрикоии ӯро гирифта, ваъда додааст, ки бар ивази ин маблағ бародарашро аз толори суди шаҳри Турсунзода озод месозад, аммо пулро ба манфиати шахсии худ сарф намуда, то ҳол бар нагардонидааст.
Ҳамзамон, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза зани 34-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 19-уми декабри соли 2018, як марди 56-солаи сокини пойтахт 20 ҳазр доллари амрикоии ӯро гирифта, ваъда додааст, ки шавҳарашро аз зиндон озод месозад, аммо пулро ба ҷайби худ зада, то ҳол барнагардонидааст.

"Нисбати гумонбаршавандагон бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад",- афзудааст манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД