Солҳо чун оби равон мегузаштанд, аммо дар дили ду хоҳар алангаи кинаву ҳасрат аслан аломати хомӯш шудан надошт. Лола-хола, ки дигар хастаи ғами давраи ҷавонӣ ва пирии бемеҳр буд, ҳар рӯз сарашро ба болин мениҳоду танҳо як таманно дошт: фардо субҳ чашм кушода, овози хоҳарашро шунавад.
Тӯли ин 30 сол шавҳараш Карим низ ҳеҷ гоҳ он ошиқи шайдое нашуд, ки Лола орзу мекард. Ҳарчанд онҳо дорои ду писару як духтар шуданд ва Карим вазифаи мардиро дар хонадорӣ иҷро мекард, аммо дар нигоҳаш ҳамеша як пардаи сардӣ ва ёди Лайло ҳукмфармо буд. Ин дард худи Лоларо аз дарун мехӯрд.
Ногаҳон дасти чапи Лола-хола беҳис шуд. Фалаҷ ва бемории шадиди қалб ӯро афтонд. Вуҷудаш ба ларза даромад, нафасаш танг шуд. Писари калониаш Ҷамшед, ки нав аз кор омада буд, аҳволи модарро дида, бо таҳлука дод зад:
- Очаҷон! Ба шумо чӣ шуд?! Чашмонатонро кушоед!
Лола-хола бо забони базӯр гапзанандааш танҳо як калимаро зери лаб такрор мекард:
- Лайло. Лайлоро биёред. Ман мемирам. Лайлоро дидан мехоҳам.
Лола-холаро ба беморхона интиқол доданд. Табибон аҳволи ӯро ниҳоят вазнин арзёбӣ карданд. Карим, ки акнун марди пири мӯйсафед ва пур аз пушаймонӣ буд, дар долони беморхона гашта, мисли кӯдак мегирист. Ӯ медонист, ки қурбонии асосии ин ишқи шум ва қарори аҳмақонаи замон худи Лола буд, ки содиқона ӯро дӯст медошт ва тӯли 30 сол даҳон ба шикоят накушод.
Ҷамшед мошинашро гирифта, рост ба деҳаи дуре, ки холааш Лайло мезист, рафт. Вақте ба ҳавлии Лайло даромад, холааш дар айвон нишаста, машғули ҷудо кардани ғилофакҳои лӯбиё буд.
Ҷамшед бо ашки чашм зорӣ кард:
- Холаҷон. Ба хотири Худо биёед. Модарам дар беморхона аҳволи хуб надорад. Табибон мегӯянд, ки шояд имшабро саҳар накунад. Модарам танҳо номи шуморо мегирад. Як бор биёед, бубахшед ӯро.
Лайло-хола, ки симояш пур аз оҷинг ва чашмонаш беҳис буданд, даст аз кор кашид. Дили ӯ чанд сония тапид, аммо хотираҳои он шаби сиёҳ, шаби тӯй ва муҳаббати сӯхтааш боз пеши чашмонаш ҷилвагар шуданд. Ӯ оҳи сард кашиду гуфт:
- Ба модарат гӯй, ки меоям. Ҳозир наметавонам. Келинамро нав аз таваллудхона овардаем.
Вале ба дил гуфт: “Апа, ман туро набахшидаам. Одам як бор мемирад. Ман 30 сол пеш туро ба хок супорида будам. Вақте одам мурд, дигар аёдат аҳаммият надорад”.
Ҷамшед гирякунон, бо дили озурда ва дастони холӣ баргашт.
Дар беморхона Лола-хола чашм ба дар дошт. Ҳар бор, ки дари утоқ кушода мешуд, ӯ бо умед нигоҳ мекард. Вақте Ҷамшед танҳо ворид шуд ва сарашро хомӯш поён андохт, Лола-хола ҳама чизро фаҳмид. Ашке аз гӯшаи чашмони нимпӯши ӯ ба рӯйи болин чакид.
Лола-хола ба писараш гуфт:
- Бачам, агар холаат омад баъди маргам, ӯро озурда насозед. Ӯ хоҳари ман, ҷигари ман аст. Фаҳмидед?
- Ҳо очаҷон.
- Бигӯед, ки апаат то нафаси охирин туро дӯст медошт.
Пас аз чанд дақиқа нишондиҳандаҳои набзи дили Лола-хола ба сатҳи сифр расиданд. Ӯ бо доғи дил, бо ҳасрати оғӯш кашидани хоҳари ягонааш ва бо армони нобахшида шудан чашм аз ҷаҳон пӯшид.
Хабари марги Лола дар тамоми деҳа ва атроф паҳн шуд. Дар ҳавлии Карим одамони зиёде ҷамъ омада буданд. Маросими ҷаноза оғоз ёфт.
Ин дам дар дили Лайло сӯзише пайдо шуд, аммо ғурураш намегузошт, ки ба он хона қадам ниҳад. Аммо қалбаш тоқат накарду фарзандонашро гирифта, осемасар ба хонаи Лола шитофтанд. Аммо ҷасади Лоларо ба хок супурда буданд. Лайло дер кард. Ҳатто рӯйи хунуки апаашро надид.
- Модарам рафт, холаҷон. Дер омадед. Дар ҳасрати рӯйи шумо, бо чашмони интизор вафот кард.
(Давом дорад)
Шаҳлои НАҶМИДДИН