35 years of independency
30 сол қаҳрӣ (ҚИСМИ 2)
198

Лола он шаб то саҳар зери чодари арӯсӣ беовоз ашк рехт. Ӯ фаҳмид, ки шавҳар ба даст овард, аммо меҳру муҳаббати ӯро ҳеҷ гоҳ соҳиб шуда наметавонад. Ин аввалин ашки талхи ӯ дар хонаи бахташ буд.

Рӯзҳои аввали арӯсии Лола дар хонаи Карим бидуни ҳеҷ як хандаву шодӣ мегузаштанд. Домод, ки бояд канори арӯси ҷавонаш мебуд, ҳар шом дер ба хона меомад. Лола бо либосҳои арӯсӣ, тоқии зардӯзӣ ва ороиши зебо дар кунҷи ҳуҷра то бевақтии шаб чашм ба роҳи шавҳар менишаст.

Шабе Карим маст ва нимҳуш вориди ҳуҷра шуд. Ӯ ба ороишоти Лола, ба чодари сафеди арӯсӣ нигоҳ кард, аммо дар чашмонаш танҳо нафрату ҳасрат ҷӯш мезад. Карим ба канори Лола нишаст, дастони ӯро гирифт, аммо ба чашмонаш нигоҳ накарда, зери лаб оҳ кашид:

- Ту зебоӣ, Лола. Аммо чаро ман дар ҷойи ту Лайлоро мебинам? Чаро ҳар бор, ки ба ту наздик мешавам, бӯйи атри Лайло ба димоғам мерасад?

​Лола лаб зери дандон фишурда, ашкашро пинҳон кардан хост. Аммо Карим дасташро раҳо карду рӯяшро ба девор гардонида хобид. Лола худро бегона эхсос мекард. Ӯ эҳсос кард, ки дар миёни онҳо ҳамеша ҳасрати Лайло хоҳад буд. Ӯ тамоми шаб беовоз мегирист, то касе овози ашки арӯси навро нашунавад.

​Пас аз як сол Лайлоро ба як марди бегона аз деҳаи дур надидаву надониста доданд. Ӯ рафт ва пушти сараш ҳама хотирахоро сӯзонд. 30 сол гузашт. Фасли ҷавонӣ рафту ҷойи худро ба пирӣ дод. Ҳар ду фарзанддор, наберадор шуданд, аммо адовати он рӯз дар дили Лайло чун доғи сиёҳ боқӣ монд.

Лола-хола ҳамаи инро дар хотироташ рӯгардон карда, оҳи сарде кашид. Ба ёд овард, ки пас аз панҷ соли ин ҷудоӣ модари онҳо вафот кард. Модар пеш аз марг ду дасти хоҳаронро ба ҳам додан хост, аммо Лайло ҳатто ба рӯйи Лола нигоҳ накард.

​Рӯзи зодрӯзи Лайло омад, рӯзе, ки дар кӯдакӣ апаву хоҳар якҷоя ҷашн мегирифтанд ва ба ҳамдигар атру собун ҳадя мекарданд. Лола барои хоҳараш гӯшвораи тилоӣ харид ва бо як номаи пур аз ашку илтиҷо ба воситаи як зани ҳамсоя ба ӯ фиристод.

​Дар нома навишта шуда буд:

- Лайлоҷон, хоҳари ягонаам. Гуноҳи маро бубахш. Ман ошиқ будам ва нодонӣ кардам. Ин тилоро ҳамчун нишонаи меҳри апаат ба гӯшҳоят андоз, бигзор дилат нисбати ман бекина шавад.

​Аммо пас аз чанд соат зани ҳамсоя баргашт. Ӯ номаи сӯхта ва гӯшвораро гашта ба дасти Лола дод:

- Лайло номаро нахонда, дар оташ сӯзонд ва гуфт: “Ба ӯ бигӯ, ки бахти маро бо ҳеҷ тилои дунё харида наметавонад. Ман апа надорам”.

​Лола он рӯз чунон гирист, ки қариб беҳуш шавад.

Вақте Лола-хола нав соҳиби аввалин наберааш шуда буд, он рӯз иди Қурбон буд, дилаш барои хоҳараш пур аз пазмонӣ шуд. Ӯ дастархони идонаро бо тамоми нозу неъмат ороста, шириниву мева ва либоси қиматбаҳои зебое барои Лайло харида, ба хонаи ӯ рафт. ​Дарро писари хурдии Лайло кушод. Лола-хола бо ашки шодӣ вориди хона шуд ва дастархонро гузошт. Лайло дар кунҷи хона нишаста буд ва ба хамидагии қади апааш нигоҳ мекард. Лолахола гуфт:

- Лайлоҷон, идат муборак! Ин нони идонаро бо дастони худам бароят пухтам. Биё, ақаллан дар ин рӯзи муборак як луқмаро бо ҳам хӯрем, то кинахо аз дил берун равад.

​Лайло аз ҷояш хест. Ӯ ба дастархон нигоҳ накард, танҳо рафта ҳамон нонҳоро гардонида, ба рӯйи дастони апааш бозпас дода, гуфт:

- Ноне, ки бо дасти ту хамир шудааст, аз гулӯям мегузарад? Рав ба хонаат, Лола. Барои ман ид он рӯзе буд, ки ту бахти маро сӯхта будӣ.

Лола-хола савғотиҳояшро гирифта, гирякунон ба хона баргашт. Ҳатто фарзандони хоҳараш бегона шуда буданд.

(Давом дорад)

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД