Ханчжоуи Чин яке аз калонтарин биноҳои истиқоматиро дар ҷаҳон доро мебошад, ки дар он беш аз 30 000 нафар зиндагӣ мекунанд.
Ин биноро "ду маротиба рекордсмен" меноманд: аввалан, майдони азими он барои 30 000 нафар пешбинӣ шудааст ва дуюм, ҳоло ҳудуди 20 000 нафари бошандагонаш блогнависону стримерҳои маъруфи интернетӣ мебошанд.
Ханчжоу яке аз шаҳрҳои зермузофотии Ҷумҳурии Мардумии Чин, маркази вилояти Чжэцзян аст. Аҳолияш зиёда аз 11 млн нафар мебошад.
Ханчжоу бузургтарин маркази тиҷорати электронии Чин ба шумор меравад. Дар соли 2022, Минтақаи озмоишии фаромарзии тиҷорати электронии Ханчжоу ба маблағи 101,3 миллиард юан (14,73 миллиард доллар) содирот кард, ки нисбат ба як соли пештара 18,75% зиёд аст. Шумораи тоҷирони фаромарзии тиҷорати электронӣ дар ин шаҳр аз 100 ҳазор нафар гузаштааст.
Ширкатҳои бузурги чинӣ дар Ханчжоу ҷойгир шудаанд - Alibaba Group (тиҷорати электронӣ), Geely Automobile (мошинҳо), Wahaha Group ва Nongfu Spring (нӯшокиҳо), Hikvision ва Dahua Technology (системаҳои назорати видеоӣ), Loong Air (нақлиёти ҳавоӣ), Huadong Medicine (дорусозӣ), Hengyi Petrochemical ва Rongsheng Petrochemical (нефту химия), Cainiao ва BEST Inc. (логистика), Гринтаун Чин (амволи ғайриманқул), Ant Group (хизматрасонии молиявӣ), ҳамчунин, Бонки бузурги минтақавии Чин Чжешанг ва Бонки Ханчжоу.