formula
3-видеои машҳуртарини сомонаи Oila.tj
2044
3-видеои машҳуртарини сомонаи Oila.tj

Cе навори видеоӣ, ки дар сомонаи ОИЛА-ТЧ тамошобинони зиёд пайдо намуда, шумораи аз ҳама бештари лайкҳоро ба даст оварданд инҳо мебошанд.

“Шавҳарам сарамро кал карду кӯдакамро кашида гирифт”-чунин ном дорад навори видеоие, ки дар рейтинги мо зинаи сеюмро соҳиб шудааст.
Ин наворро дар чанд соат зиёда аз 40 хазор нафар тамошо карданд. Сарвиноз Раҷабова, сокини ноҳияи Восеъ дар ин видео қиссаи пурдарди зиндагиашро нақл мекунад. Мехоҳед донед, ки чаро шавҳараш Сарвинозро муддати 40 рӯз дар ҳамом маҳкам карда, сарашро кал кард? Пас ин навори видеоиро дар сомонаи ОИЛА-ТЧ ҷустуҷӯ намоед!

alt

“Ҳақ ба ҳақдор намерасад, ҳақ ба пулдор мерасад!”-чунин унвон гирифтааст шикояти як гуруҳ сокинони деҳаи Артучи шаҳри Панҷакент ва ин навор дар зинаи дуюми рейтинги беҳтарин видеоҳои ҳафта дар канали ОИЛА-ТЧ қарор дорад.
Ин навор идомаи моҷарои марги пурасрори келинчаки панҷакентӣ Наргис Юнусова буда, онро зиёда аз 130 ҳазор нафар тамошо кардаанд.
Мурдаро дубора аз гӯр бароварданд, аммо ҳақиқат боз дар зери об монд. Чаро? Ба ин савол ҷавоб гирифтан хоҳед, ин навори видеоиро дар ютуб-канали ОИЛА ҷустуҷӯ намоед.

alt

Сужаи навори видеоие, ки дар зинаи аввали рейтинги беҳтарин видеоҳои ҳафта қарор дорад, филмҳои даҳшатангези Голливудро ба ёд меорад. Дар рӯзи равшан соҳибкори ҷавон Шӯҳрат Ғолибовро дар Варзоб бо табар зада куштанд, чашмони ҷияни 14-солаашро бошад, бо корд аз косахонаи сараш бароварданд. Аз ҳама аҷибаш он аст, ки як кӯдаки 15-соларо дар ин кушторҳои ваҳшиёна гумонбар медонанд. Шикояти модари Шӯҳрати ҷавонмарг-Гулнисо Маҳмудова ва тафсилоти куштори ваҳшиёнаи ин ҷавони бегуноҳро шумо метавонед аз ютую канали ОИЛА-ТЧ тамошо кунед!

Ба канали мо обуна шавед! ОИЛА-ТЧ танҳо ҳақиқатро мегӯяд!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД