Formula novemver 2024
3-усули табобати халқии анемия
09.04.2022
ОИЛА
1115


Духтарам Фотима чанд сол боз ба бемории камхунӣ гирифтор аст. Пештар мо ӯро эрка карда бисёр кор намефармудем, вале ҳоло, ки шавҳар кардааст, маҷбур аст, ки кору бори хонаи хушдоманашро ба сомон расонад.

Дар хонаи шавҳараш чанд бор аз бемадорӣ сараш чарх зада афтидааст. Шавҳарам камбағал аст ва имконияти фтимаро дар беморхона хобонида табобат кардан надорад. Илтимос, ягон роҳи табобати халқии камхуниро бигӯед, то духтарам дар хонааш худро муолиҷа намояд.
Соҷида аз ш. Турсунзода

Посухи табиби мардумӣ Садриддиншоҳ Ҷалолӣ
Хоҳари азиз, айни замон ман чанд давои оддиро тавсия медиҳам, ки камхуниро бартараф менамоянд, вале духтари шуморо зарур аст, ки сарчашмаи бемориашро аниқ намояд, зеро камхунӣ паёмади ягон касалии дигар буда метавонад. Сарчашмаи касалиро ёфта табобат накунед, беморӣ баъди чанд вақт метавонад аз нав хурӯҷ намояд. Инак, чанд нусха ҷиҳати табобати камхунӣ.

Нусхаи аввал
Ним килограмм себ, ним кило лаблабуи сурх ва ҳамин миқдор сабзиро аз мошинаи меваҷабак гузаронида, ба шарбати ҳосилшуд як пиёла асалро илова намоед. Шарбатро нағзакак аралаш карда, рӯзе 3 маротиба 20 дақиқа пеш аз хӯрок як қошуқӣ нӯши ҷон намудан лозим. Мо инро дар таҷриба санҷида боварӣ ҳосил намудем, ки дар бадали як моҳ камхуниро пурра бартараф менамояд.

Нусхаи дигар
Як пиёла ҷавро нағзакак шуста дар якуним литр об муддати 10-15 дақиқа биҷӯшонанд ва бо каме асал ширин карда, рӯзе 2-3 маротиба як пиёлагӣ бинӯшанд, камхуниро даво мебахшад.

Нусхаи сеюм
Настаран (хуч) барои касоне, ки ба камхунӣ мубтало гаштаанд, беҳтарин давост. Одам ҳар бегоҳ 3 қошуқ хучро дар термос андохта, аз болояш ним литр оби ҷӯшомада резаду рӯзона кам-кам ин обро бинӯшад, худро бардам эҳсос хоҳад кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД