Чанд рӯз қабл дар шоҳроҳи Душанбе – Ҳисор – Турсунзода садамаи мудҳише рух дод, ки дар натиҷа 3 нафар ҷони худро аз даст доданд.
Ронандаи мошини тамғааш “Опел-Инсигина”, ки мутааллиқ ба Соҳибов Қосими 39 сола аст, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба мошини тамғаи “Опел-Вектра”, ки таҳти идораи Абдуллоев Рустамҷон қарор дошт, бархӯрдааст. Дар натиҷа ронанда Абдулоев Рустамҷон ва мусофиронаш Иноятов Амридини 34 - сола ва Фаридун Ҷалолови 14 - сола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Айни ҳол, таҳқиқи ин ҳодисаи даҳшатбор идома дорад.