Дере нагузашта Худованд ба мо лутф кард. Ман ҳомила шудам. Набераи аввалин ки буд, хусуру хушдоманам маро рӯ-рӯйи даст мегирифтанд. Кори вазнин кардан намемонданд. Гули бозорро меоварданд, то набераашонро сиҳат саломат ба дунё орам. Шавҳарам аз онҳо ҳам хушҳолтар буд. Вақти тавлид, ки наздик шуд, ҳар рӯз барои кӯдакамон гуфта чизе меовард.
Рӯзҳо гузаштанд ман писардор шудам. Бобову бибӣ ва шавҳарам аз хурсандӣ ба куртаашон намеғугҷиданд.
Ҳамин тавр хушбахту хушнуд зиндагии мо мегузашт. То он рӯзе, ки ман аз кисаи шавҳарам як ангуштарини тилло ёфтам...
Боре чун ҳарвақта либосҳои шавҳарамро шустани будам. Барои он ки дар киссааш пул, рӯймолча ё чизе набошад киссаашро холӣ кардам. Аз қабати рӯймолчааш ангуштарине ба замин афтид... Бениҳоят ангуштарини зебо. Дида хушҳол шудам, ки шавҳарам боз як сюрприз омода кардааст. Ба дастонам карда бо виқор менигаристам. Бори дигар аз ин хушбахтиям шукр мекардам.
- Аҳмақиямро бинед,- бо нимтабассум ба Нодираву Саида нигоҳ карда оҳи чуқур кашид Сайрам. Нодираву Саида бо диққат ба суханони Сайрамхола гӯш мекарданд...
- Аҳмақиямро бинед,- бори дигар такрор кард Сайрам ва афзуд,- ангуштаринро аз нав дохили рӯймолча монам мешудку... Недия онро гирифта хостам мӯҳрашро бинам, 375 бошад ё дигар... Вақте дохили ангуштаринро дидам ном навишта шуда буд. Хурсанд, шудам, ки шавҳарам даруни ангуштарин номамро ҳам навиштааст. Лекин нағзтар нигоҳ кунам Сайрам не, Сайёра навишта шудааст. Ба чашмонам бовар накардам. Наздиктар карда дидам, ки воқеан Сайёра аст. Аз сарам як сатил оби сард рехтагибарин шуд.
Наход? Наход марде, ки дӯст дошта оила бунёд кардаам ба ман хиёнат кунад. Наход он ваъдаҳои додааш дурӯғ бошад. Наход он ишқу муҳаббате, ки ҳамарӯза изҳор мекарду нишон медод сохта бошад. Наход.... Наход... Наход...
Ин суолҳо маро азият медод. Гиря гулӯгирам кард. Аз худ бе худ шудам. Ногоҳ гиряи писарам маро ба худ овард. Шиками писарчаамро сер мекардаму дарун-дарун месӯхтам. Ҳамин аст подоши муҳаббати пок? Ҳамин аст садоқат ба ишқ? Суол мекардам аз худ. Бовар надоштам, ки шавҳарам ба ман хиёнат мекунад.
(Давом дорад)
Абдуғаффор ШОДИЕВ