Дэвид Раш, як зодаи иёлоти Айдаҳои Амрико каланди вазнаш қариб 3 килоро дар болои сараш 2 соату 36 дақиқаву 6 сония нигоҳ дошта, рекорд гузоштааст.
Ӯ бо ин амалаш зиёда аз 150 рекорди “Гиннес”-ро шикастааст. Дэвид ба рӯзноманигорон гуфтааст, ки қаблан бо ин кор рекорд гузошта буд, вале баъдтар рекордро каси дигар гирифтааст. Бори дигар ба амрикоиҳо даст дод, ки рекордро ба Амрико баргардонанд.
Дэвид иқрор шудааст, ки барои дурудароз нигоҳ доштани каланд дар болои сар устувории рӯҳиву ҷисмонӣ лозим аст.