Беҳуда нагуфтаанд: "Нафси бад балои ҷон!"
Дар ҳақиқат пулу моли муфт ба даст омада роҳати ҷон не, балки баръакс балои ҷони шахсоне мегардад, ки аз Худованди ҳамабин натарсида, даст ба дуздию роҳзанӣ барин амалҳои мамнӯъ мезананд.
Ҳодисаҳое, ки дар чанд рӯзи охир дар қаламрави кишварамон ба вуқуъ пайвастаанд, далели равшани ин гуфтаҳо мебошанд.
Як марди 43-солаи сокини шаҳри Конибодом, ки муваққатан дар шаҳри Бохтар зиндагӣ мекунад, бо аризаи даъвогӣ ба ШВКД-и шаҳри мазкур муроҷиат намуда, шикоят кардааст, ки шаби 2 ба 3-юми июл шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба манзили истиқоматиаш даромада, 25 ҳазор доллари амрикӣ ва 3 ҳазор рубли русиро ба яғмо бурдаанд. Дар рафти гузаронидани амалиёти ҷустуҷӯӣ маълум гашт, ки ҷинояти мазкурро як марди 46-солаи сокини ҳамин шаҳр содир намудааст.
Боз як ҳодисаи ғоратгарӣ дар шаҳри Ваҳдат ба вуқуъ пайваста, роҳбари ҶСП ИИИС “Техноинвест” бо аризаи шикяти дар боби дуздида шудани 33 метр ноқилҳои барқӣ, ки арзиши умумиашон қариб шаш ҳазр смониро ташкил медиҳад, ба мақомти милитсия шикоят намудааст. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ду ҷавони 18-солаи сокинони ҷамоати деҳоти Баҳори ҳамин шаҳр содир намудаанд.
Ҳамзамон, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза зани 37-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намуда, шикоят кардааст, ки 3-юми июл шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди манзилаш гашта, маблағи 22 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Тафтишот нишон дод, ки занро бегона не, бародари худаш ғорат кардааст. Тафтишот аз рӯйи ин ҳодисаҳо идома дорад.