Sebiston new 2024 october
25 000 000 ҶАБРДИДАГОНИ МЕҲНАТИ ИҶБОРӢ ВА ФУРӮШИ ОДАМОН
1852

Сафири махсуси ИМА оид ба назорат ва мубориза бо хариду фурӯши одамон Ҷон Коттон Ричмонд дар брифинги матбуотии онлайнӣ бо журналистон изҳор доштанд, ки аксари ҳукумат сиёсати нодурустеро роҳандозӣ намудаанд, ки пеши роҳи мушкилоти қочоқи одамонро гирифта наметавонанд. Дар гузориши мо оид ба қочоқи одамон дар саросари олам, асосан даҳ кишвар интихоб гардидааст, ки дар байни онҳо Хитой, Белоруссия, Россия, Туркманистон махсус зикр гардидаанд. Маълум аст, ки ҳукумати Хитой уйғурҳо ва дигар намояндаҳои ақаллияти мусулмононро дар лагерҳои меҳнати иҷборӣ нигоҳ медорад ва ҳазорҳо нафари онҳо ба Синзян интиқол додаанд. Мақомдорони ин кишвар иттилоъ дода буданд, ки қариб он лагерҳоро бастанд, аммо дар асл чунин нест.
Мо бо шарикони ширкатҳои хусусӣ ҳамкорӣ мекунем ва имкон намедиҳем, ки Хитой бо ин усули ғайриқонунӣ (қочоқи одамон) фоида ба даст биёрад.
Роберт Дестро, ёвари Котиби давлатӣ оид ба демократия, ҳуқуқи инсон ва меҳнат дар ИМА шарҳ доданд, ки”Ҳукумати Хитой ин амалашро бар он асоснок менамояд, ки гӯё уйғурҳо ва дигар гурӯҳи ақаллиятро на дар лагери иҷборӣ, балки дар “Мактаби омӯзиши профессионалӣ” нигоҳ доштаанд, вале дар асл чунин нест. Дар он ҷо одамонро бар хлофи хоҳиш маҷбуран кор мефармоянд. Ҳатто барномае ҳаст, ки хилофи майли одамон, онҳоро ба дигар шаҳрҳои Хитой барои кор интиқол медиҳанд. Ҳатто меҳнати кӯдакони 13-сола истифода мегардад” шарҳ дод Роберт Дестро, ёвари Котиби давлатӣ оид ба демократия, ҳуқуқи инсон ва меҳнат дар ИМА дар давоми брифинг.
Тай чанд солҳои охир мебинем, ки чӣ тавр аксари давлатҳо, аз ҷумла ҶХХ хизматрасониҳои бисёр ширкатҳоро барои “таъқиб” истифода мебаранд. Тариқи нарамфзори ҷосусӣ журналистону ҳимоятгарони ҳуқуқи одамонро дар Хитой ва дигар кишварҳо таъқиб менамоянд, илова намуд Роберт Дестро.
Ҳамчунин дар брифинг гуфта шуд, ки дар ҷаҳон зиёда аз 25 миллион одам аз кочоқи ғайриқонунии одамон (одамрабоӣ, меҳнати иқборӣ, қочоқи узвҳои одамон ва ғ) ҷабр дидаанд ва ғуломдории муосир ҳанӯз вуҷуд дорад.

Барои пеши роҳи ҷинояткорон ва мушкил гардондани кори ғайриинсононаи онҳо ҳамаи кишварҳо бояд саҳмгузор бошанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД