Додгоҳи олии шаҳри Ню-Йорк продюсери машҳури амрикоӣ Ҳарвӣ Вайнштейнро барои таҷовуз ва озори ҷинсии зиёда аз 90 зан, ки якчанд нафари онҳо ҳунарпешаҳои номианд, ба муддати 23 сол равонаи зиндон кардааст.
Дар ин бора хабаргузории амрикоии «The New York Times» иттилоъ медиҳад. Ба гуфтаи расонаҳо, Ҳарвӣ соли 2006 Мириам Ҳэйлӣ ва соли 2013 Ҷессика Маннро, ки ҳарду ҳам ҳунарпешаҳои амрикоӣ ҳастанд, таҷовуз карда будааст. Вале дар умум, наздики 100 нафар занону духтарони ҳунарманд ба додгоҳ аз озори ҷинсии ин продюсер шикоят бурдаанд. Дар миёни озордидагон номи ҳунарпешаҳои шинохта Анҷелина Ҷолӣ, Ума Турман, Эшлӣ Ҷадд, Ҷеннифер Энистон ва дигарон низ дида мешавад. Инҳо ҳамонҳое ҳастанд, ки замоне бо продюсер ҳамкорӣ доштанд ва дар лоиҳаҳои ӯ иштирок мекарданд.
Писар одам кушту падар зиндон шуд?!
Додгоҳи олии Ню-Йорк Ҳарвӣ Вайнштейнро барои ин кирдорҳои ғайриахлоқиаш ба муддати 23 сол равонаи зиндон кард, аммо продюсер аз ин ҳукм розӣ нест ва мегӯяд, ки ҳар муносибате бо занҳо дошт, бо розигии тарафайн сурат гирифта буд. Ҳарвӣ аз бемории қалб азият мекашад ва баробари шунидани ҳукми додгоҳ вазъи саломатияш якбора бад шуд. Баъди хуб шудани саломатияш ӯро дубора ба зиндони ҷазираи Райкерс-Айленди Ню-Йорк бурданд. Номбурда 19-уми марти соли 1952 дар шаҳри Ню-Йорки Амрико ба дунё омадааст. Яке аз беҳтарин продюсерҳои Ҳолливуд, барандаи чандкаратаи ҷоизаи «Оскар» дар номинатсияҳои гуногун ва асосгузори ширкати филмофарии «The Weinstein Company» (дар якҷоягӣ бо бародараш) мебошад. Соли 2017 бинобар зиёд шудани шикоятҳо аз рӯйи Ҳарвӣ оид ба озори ҷинсӣ ӯро аз «The Weinstein Company» ронда буданд. Ҳоло ӯ дар зиндон аст ва ҳеҷ далеле барои озод шуданаш вуҷуд надорад.