Ҳамасола рӯзи 23 октябр дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ таҷлил мегардад.
Бабри барфӣ намояндаи оилаи гурбаҳои ваҳшӣ ба ҳисоб рафта, дар ҳудуди 12 давлати дунё паҳн гардидааст. Он яке аз ҳайвоноти нодиру камшумор буда, дар тамоми ҳудуди ареали паҳншавиаш ҳифз карда мешавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Осиёи Марказӣ минтақаи калидии паҳншавии бабри барфӣ ба ҳисоб меравад. Бабри барфӣ яке аз намудҳои нодири ҳайвоноти калонҷуссаи дарандаи Тоҷикистон, ки ба рӯйхати сурхи Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидааст ва ба муҳофизати махсус эҳтиёҷ дорад.
Боиси ифтихор аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сиёсати хирадмандони Пешвои миллат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ доир ба омӯзиш ва ҳифзу нигоҳдории ин намуди нодир чорабанӣ ва барномаҳои гуногун анҷом дода мешаванд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар баробари сохторҳои давлатӣ ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ки фаъолияти онҳо ба омӯзиш ва ҳифзи табиат равона шудааст, кӯшиш ба харҷ медиҳанд то ҳолати популятсияи он дар ҳудуди кишвари мо хубтар ва саршумори он зиёдтар гардад.
Аз ҷумла метавон барномаи “Ганҷҳои нопадидшаванда”-и бахши ҳифзи муҳити зисти СММ-ро ном бурд. Зери чорчӯбаи ин барнома саршумори бабри барфӣ ва объектҳои ғизогии он дар ҳудуди ВМКБ, ҳолати кунунии экосистема, хатарҳои ба экосистема таҳдидкунанда, низоъи мардуми маҳалли бо ин ҳайвон ва сабабҳои ин низоъ омӯхта мешаванд.
Яке аз мақсадҳои асосии ин барнома амалӣ кардани чорабиниҳои гуногун доир ба камтар кардани паёмадҳои таъсири тағйирёбии иқлим ба экосистемаи бабри барфӣ мебошад.
Эълон ва таҷлили рӯзи бабри барфӣ низ яке аз амалҳое мебошад, ки барои тарғибу ташвиқ ва ҳифзу нигоҳдории ин ҷонвари аҷиб равона карда шудааст.
Аз ин сабаб, ба тамоми хонандагон рӯзи таҷлили бабри барфиро муборакбод мегӯем!