220 арӯсӣ дар маҳбас
18.02.2026
Оила
119

220 тӯйи арӯсӣ дар маҳбас

Соли гузашта дар маҳбасҳои Тоҷикистон 220 нафар маҳбусон маросими ақди никоҳ ороста, издивоҷ намудаанд. Дар ин бора Вазорати адлия маълумот додааст.

“Соли 2025 дар муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон 220 издивоҷ ба қайд гирифта шудааст,”-омадааст дар хабар.
Тавре ки намояндагони вазорати адлия зимни нишасти матбуотӣ гуфтанд, барои бастани ақди никоҳ ва издивоҷ намудани маҳбусон дар маҳбас ягон монеъаи қонунӣ вуҷуд надорад. Новобаста аз он ки маҳкумшудагон дар зиндон қарор доранд, онҳо метавонанд оила барпо намоянд, бо ҳамсарони худ мулоқотҳои тӯлонӣ анҷом диҳанд.

Тибқи иттилоъи ин ниҳод, издивоҷ ҳам дар муассисаҳои ислоҳии мардона ва ҳам занона миҷозат дода шудааст.
Аз 471 зане, ки дар зиндони занонаи Тоҷикистон дар шаҳри Норак адои ҷазо менамояд, 2 нафарашон ҳомиладор буда, дар ин маҳбас 11 кӯдаки то сесола ҳамроҳи модарашон нигоҳдорӣ мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД