Инсониятро имрӯз бидуни интернет ва олами маҷозӣ тасаввур кардан ғайри имкон аст. Нафаре нест, ки аз ин ë он шабакаи иҷтимоӣ истифода набарад, ҳатто дар дурдасттарин деҳот ҳам новобаста ба он ки суръати интернет чи гуна аст, истифодаи васеи он ба назар мерасад. Пиру барно, ҳатто, кӯдаки гаҳвора ҳам аз "неъмати интернет" бебаҳра нест.
Интернет шабеҳи қуттиест, ки аз он ҳамаи чизи лозимаро метавон дарëфт. Ин қуттӣ аз чизҳое, ки ахлоқро коста мекунад ва ë инсониятро гумроҳ месозад, мустасно нест.
Албатта ҳар як давлат вобаста ба минталитети мардумаш қонунҳои ахлоқии худро драд. Баъзе чизҳо агар дар як ҷомеа мусбат қабул шавад дар дигар ҷомеа он ба таври манфӣ арзëбӣ мегарад. Бинобар сабаби он ки дар саҳифаҳои интернетӣ имрӯзҳо чизҳои ғайриахлоқӣ зиёд шудаанд рӯзи 11- уми октябри соли 2013 дар як конфронси ҷумҳуриявӣ аз ҷониби 31 нафар "Одобномаи шаҳрванди электронӣ" қабул карда шудааст, ки аз 21 банд иборат мебошад.
Варақае, ки дар он бандҳо зикр гардидаанд соли 2020 аз ҷониби Фонди Ҷамъиятии Ташаббуси Шаҳрвандии Сиёсати Интернет нашр шудааст. Барои он ки истифодабарандагони интернет аз одобнома пурра огоҳӣ ёбанд, мо ҳамаи бандҳои онро нашр менамоем
1)Манфиатҳои ҷамъиятӣ ҳангоми истифода ва татбиқи ТИК ҳамеша бояд ба назар гирифта шавад.
2. Эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллӣ ва байналмиллалӣ дар фазои виртуалӣ шарт ва заруранд.
3. Риояи меъёрҳои забони давлатӣ ва арзишҳои миллӣ, инчунин эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ ва миллатҳои дигар дар фазои виртуалӣ зарур аст.
4. Сабт ва пахши расму наворҳои фаҳшомез ва дорои хусусияти порнографӣ норавост.
5. Таблиғу тарғиби тероризм ва экстрамизм бо тамоми зуҳуроташ ба воситаи ТИК норавост.
6. Ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ноболиғон ва шахсони имконияташон маҳдуд вазифаи афзалиятнок дар фазои ТИК мебошад.
7. Истифодаи ТИК барои таъқиб, таҳқир, тӯҳмат, иғво, воҳима, ғаразварзӣ, маҳалгароӣ ва дигар амалҳои нораво ғайри қобили қабул аст.
8. Табъизи миллӣ, забонӣ, динӣ нажодӣ, ва ҷинсӣ дар фазои виртуалӣ раво нест.
9. Эҳтироми моликияти зеҳнӣ ҳатмӣ буда, бо истифода аз ТИК асардуздӣ раво нест.
10. Одоби муошират ҳангоми истифодаи ТИК бояд риоя гардад; муоширати дурударози безарурат, истифодаи садоҳои гӯшхарош, суханони қабеҳубеодобона ва баланд гӯш кардани мусиқӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ раво нест.
11. Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ бояд тарзе истифода шаванд, ки ба фароғати дигарон халал ва ба саломатии онҳо зарар нарасонанд.
12. Аз таҷҳизот ва воситаҳои технологии дигарон бе иҷозат истифода бурдан беодобист.
13. Маълумоти инфиродии ҳар шахс дар фазои виртуалӣ дахлнопазир буда, истифодаи бе иҷозати он норавост.
14.Сухан ва иттилооти шахси дигарро таҳриф кардан норавост.
15.Шарҳи беодобонаи андешаи дигарон ва посухи беодобона ба он қобили қабул нест.
16. Ба воситаи ТИК ҳарзанома (спам) фиристодан ҷоиз нест.
17.Сӯйистифода аз донишу малакаи нокифояи технологию иттилоотии дигарон норавост.
18.Истифодабарандаи ТИК барои маълумоти интишор кардаи худ масъул мебошад.
19.Корбари ТИК барои риоя намудани одоб дар фазои виртуалӣ масъул аст.
20.Волидайн дар истифодаи ТИК аз ҷониби фарзандони ноболиғ масъул мебошанд.
21. Истифодаи трафики интернети озод тавассути ВАЙФАЙ, дар ҳолате ҳалол аст, ки агар соҳиби ВАЙФАЙ онро ба ҳамин мақсад имкон дода бошад.
Дар замони имрӯз ба истифодаи интернет ҳамагон баладанд, аммо на ҳама тарзи дуруст истифода бурдани он ро медонанд. Дар варақаи мазкур қайд гардидааст, ки " Ин ҳуҷҷат қонун нест. Бо он касе ба ҷавобгарии ҳуқуқӣ (аз ҷумла ҷавобгариҳои маъмурӣ ва ҷиноятӣ) кашида намешавад." Аммо риоя кардани он ҳангоми истифодаи интернет аз манфиат холӣ нест.