sebiston july new
2 нафар аттестати аълои универсалиро соҳиб гашт
255

Рӯзҳои 20 – 21-уми июли соли равон дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе озмуни аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра доир гардид, ки дар он 57 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар иштирок намуданд. Дар ин бора маркази матбуоти вазорати маориф ва илм хабар дод.

Гуфта мешавад, ки ҳадаф аз баргузории озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф, баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии хонандагони муассисаҳои таълимии кишвар мебошад.

Тибқи маълумоти додашуда, дар озмун 34 нафар хонанда сазовори медалҳои тилло ва нуқра гардиданд. Аз ин шумора, 30 нафар хонанда вобаста ба равияи худ сазовори медали тилло ва 4 нафар хонанда сазовори медали нуқра шуданд.

Дар равияи табиӣ-риёзӣ 18 нафар сазовори медали тилло ва 1 нафар сазовори медали нуқра шуд. Дар равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ бошад 10 нафар сазовори медали тилло ва 2 нафар сазовори медали нуқра гардид. Инчунин, дар категорияи универсалӣ 2 нафар сазовори медали тилло ва 1 нафар сазовори медали нуқра гардид.

Маркази матбуоти вазорат менависад, ки озмуни аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра дар соли 2023 дар сатҳи баланди тайёриву ташкилӣ, шаффоф ва дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД