Мақомоти Украина аз афтодани беш аз 50 нафарзодагони кишварҳои Осиёи Миёна ба асорат хабар додаанд, ки аз ҷониби Русия дар
Украина меҷангиданд. Дар байни асирон шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд.
Тавре расонаҳо навиштаанд, байни 54 нафар сарбозони асир афтода, ки аз ҷониби Русия дар Украина меҷангиданд, 21 нафарашон қазоқ, 18 нафар тоҷик, 14 нафар ӯзбек ва 1 нафар қирғиз аст.
Аксари сарбозони асирафтода дар баробари шиносномаи кишвари худ ҳамзамон шиносномаи Русияро низ доштаанд.
Тайи ду соли охир Русия бо ваъдаи додани шаҳрвандӣ ва маблағи калон шаҳрвандони кишварҳои дигар, махсусан зодагони Осиёи Миёнаро ба сафи артиши худ ҷалб намуд, ки қисми зиёдашон баъдан ба майдони ҷанг фиристода шуданд. Дар байни ин сарбозон тоҷикон низ буданд ва тобути чанд нафарашонро аз майдони ҷанг ба хона оварданд.
Президенти Амрико Доналд Трамп иддао карда буд, ки метавонад дар як рӯз ба ҷанги Русия бо Украина хотима гузорад, вале то ҳол аз поёни ин ҷанг дарак нест.