Sebiston new 2024 october
16-уми ноябр, Рӯзи Президент
16.11.2022
ОИЛА
1242

Имрӯз, 16 ноябри соли 2022 30-юмин солгардии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҷлил карда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон замоне ба сари қудрат омаданд, ки Тоҷикистон вориди ҷанги шаҳрвандӣ гардида, ҷойи муколамаи сиёсӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмиро силоҳ, зӯргӯӣ ва харобкорӣ гирифта буд. Аз рӯзи аввали раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудан (19 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон) Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба воситаҳои ахбори умум, ки яке аз институтҳои асосии ҷомеаи муосир аст, аз имкониятҳои телевизион, радио ва матбуоти даврӣ барои ба оммаи васеъ расонидани паёмҳо ва барномаҳои сулҳхоҳонаи худ босамар истифода карданд. Роҳбари давлат хуб дарк менамуданд, ки ВАО бо аҳли ҷомеа робитаи мустақим доранд ва чунин имконияту қобилиятро унсурҳои дигари муҳими ҷомеаи муосир – мактаб, оила, ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ғайра надоранд.

Нахустин Муроҷиатномаи раиси тозаинтихоби Шурои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба халқи шарифи Тоҷикистон 12 декабри соли 1992 тариқи телевизиони марказӣ пахш гардида, матни он дар матбуоти даврии кишвар низ ба нашр расид. 

Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз оғози давраи фаъолияти сиёсиаш дар мақолаҳои худ, ки дар матбуоти даврии бонуфузи Тоҷикистон, Русия, Чин, Эрон ва соири кишварҳои дигар ба нашр мерасониданд, фазои холии идеологӣ, сиёсатҳои бепояи нобаҳангом, ваҳшонияти сиёсиву қатлу куштор, радикализми сиёсӣ ва иқтисодӣ, буҳрони маънавӣ, хурофоту мавҳумпарастиро аз сабабҳои аслии сар задани ҷанги шаҳрвандӣ номида, азми худро барои бунёди давлати демократии дунявӣ ва ҳуқуқбунёд, сарҷамъии миллат ва барқарории сулҳу ризоияти миллӣ дар кишвар баён доштаанд.

Ба ақидаи Пешвои миллат, яке аз афзалиятҳои асосии низоми дун-явии давлатдорӣ дар он аст, ки дунявият ҳамчун ҷаҳонбинӣ, аз як тараф, баробарии мафкураҳои гуногунро дар назди қонун кафолат дода, аз тарафи дигар, имкон намедиҳад, ки як мафкура худро идеологияи давлатӣ эълон намояд ва пайравони мафкураҳои дигарро зери фишор қарор диҳад. Аз ин рӯ, низоми сиёсиву идеологии дарназардоштаи неруҳои гуногуни мухолифин дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ на ба шароити Тоҷикистони пасошӯравӣ, на ба анъаноту тафаккур ва мазҳаби мардуми кишвар ва на ба хусусияти равандҳои сиёсиву геополитикӣ ҳеҷ гуна созгорӣ надошт.

Роҳбари давлат дар мақолаи худ “Ҳадафи сиёсати мо манфиати мардум аст” (рӯзномаи “Садои мардум”, 01.06.1993) бо зикри пешниҳодҳо барои беҳбуд бахшидан ба вазъи иқтисодии Тоҷикистон, таъкид доштаанд, ки иҷрои барномаҳои мукаммали иқтисодӣ то он замон, ки устувории сиёсӣ дар давлат таъмин ва иншооти аз ҷанги шаҳрвандӣ ва офатҳои табиӣ харобшудаи хоҷагии халқ дар муҳлатҳои наздиктарин барқарор нашавад, мушкил хоҳад буд.                ( Манбаъ: Ҷавонони Тоҷикистон) 

Рӯзи Президентро барои тамоми мардуми тоҷик самимона табрик мегӯем. Ба Сарвари давлатамон барои муваффақиятҳову ба зиндагии осоишта таъмини кардани мо мардуми тоҷик, изҳори сипос менамоем.    

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД