Камола бо шавҳараш баъд аз хатми Донишгоҳи тиббӣ шинос шуду нияти оила барпо намудан карданд. Аммо волидони ҷавон пофишорӣ карда, монеи нияти онҳо мешуданд. Бо вуҷуди ҳамаи ин монегиҳо онҳо оила барпо карданд.
Зиндагиашон бо дахолат оғоз шуд, вақте онҳо фаҳмиданд, ки келини намехостаашон ҳомиладор шудааст, ӯро дар сохтмони ошхонаашон, ки дар даруни ҳавлиашон буд, ҷалб карданд. Ба ӯ корҳои вазнинро фармоиш медоданд, то ки кӯдаки батнашро афтонад. Сатилҳои пурлойро дар дасташ дода, то охир бино бурда расон мегуфтанд. Бо вуҷуди ҳамаи ин вазниниҳо, шавҳараш ӯро ба иҷора овард, то ки дахолат ба зиндагиаш камтар шавад, аммо...
Мани ҳомиларо дар соати 22 пеш кард
Камола аз аввали зиндагӣ зери хушунати пайвандони шавҳар қарор дошт. Аз ин рӯ, азияти кашидаашро беашки чашм нақл карда натавонист. Вақте ҳомиладории фарзанди аввал шавҳараш ӯро дар соати 22 аз дари иҷора бароварда пеш кард. Ӯ мехост ҳамон замон худу тифлашро нобуд созад ва ба роҳи қартора баромад. Вале илтиҷои фарзандони падараш сабаб шуд, ки аз нияташ баргардад.
“Ҳамаи корҳои хонаро ба анҷом расонидам. Ҳамин замон пайвандони шавҳарам аз дар даромаданд. Вақти ба хона ворид шудан, хостам дасторхон биёрам, вале гуфтанд, ки баъди намози шом мехӯрем. Хулоса, як вақте ки дастам банди кор, шавҳаарм занг зад, ки ту чӣ ҳақ дорӣ ҳамаро аз хона пеш мекунӣ. Ҳайрон шудам, вале ягон сухани маро бовар намекард. Пас аз ним соат ба хона ҳозир шуду ман ки моҳи нуҳи ҳомиладориам буд, аз гиребонам гирифту ба берун ҳавола дод. Бо даҳони куртаи дарида ва пои луч ба куча баромадам, ҳаво сард буд ва ҳатто нагузошт, ки ягон либоси дигар гирам.
Ҳамин тавр баромаду рост ба роҳи поезд омадам ва худамро куштан мехостам. Ба хоҳарам занг задам ва ӯ фаҳмид, ки ҳолатам нохуб аст ва гуфт ки ҳозир рафта туро меорам...
На талоқам медоду на пуштибонам мешуд
Муддати 15 сол зери хушунат зиндагӣ кардан осон набошад ҳам, вале тоқат кардам, соҳиби фарзандони зиёд шудам. 15 сол дахолати пайвандони шавҳарам кайҳо ҷонамро ба лаб оварда буду чандин маротиба худро куштани шудам, аммо фикри фарзандонро мекардам, ки бо чунин падари бераҳму бепарво ҳолашон чӣ мешуда бошад. Чандин маротиба бо муомила маслиҳат кардам, ки агар чунин дахолат идома ёбад, аниқ ман дигар тоқат карда наметавонам ва шояд худамро нобуд кунам, барои ин ҳодиса нашудан, беҳтараш талоқи маро деҳ ва раву бо хоҳиши модарат оила барпо кун. Аммо танҳо як ҷавоб дорад, мурдаат аз дасти ман халос нашавад, зиндаат раҳо намешавад...
Камола ягона зане нест, ки зери бори хушунат зиндагӣ мекунаду ба азиятҳояшро аз қисмати навиштааш мешуморад. Яке аз сабабҳои аслии даст ба худкушӣ задани занон ҳам ҳамин арзёбӣ мешавад.
Ҳилолбӣ Қурбонзода, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати кишвар омилҳои асосии худкушии занону духтаронро зӯроварии хонаводагӣ, сар задани нофаҳмиҳо дар оила, дузанагию сезанагӣ, хиёнату нобоварӣ, носозгорӣ ва моҷароҳои хонаводагӣ, ба тӯҳмату буҳтон гирифтор гаштан ва бемориҳои рӯҳӣ унвон карда буд. Тавре дар ҷаласаи шашмоҳаи ин ниҳод қайд гардид, ки тӯли шаш моҳи соли ҷорӣ 224 нафар бо сабабҳои гуногун ба худкушӣ даст задаанд, ки аз ин шумора 108 нафарро занон ва духтарони ноболиғ ташкил медиҳанд.
Дахолати тарафайн дар зиндагии оилаҳои ҷавон, яке аз мушкилиҳои доғ маҳсуб ёфта, дар бештари ҳолат он ба ҷудошавии оилаҳо, ё худкушии занон бо фарзандони ноболиғашон оварда мерасонад, ки ҷомеаи моро сахт нигарон кардааст.
Тибқи омори расмӣ дар 6 моҳи соли равон дар кишвар 30 ҳазору 266 оилаи нав бунёд шуда, аз он 7 ҳазору 265 оила бо сабабҳои гуногун аз ҳам пош хӯрдаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, 789 ҳолат бештар аст.
Танҳо дар вилояти Хатлон, дар як соли охир 100 мавриди хушунату зӯроварӣ дар хонаводаҳо сабт шудааст ва аксаран занон мавриди зӯроварии ҷисмонӣ, равонӣ ва гоҳҳо шаҳвонӣ қарор гирифтаанд.
Дар кишвар соли 2020, 295 парвандаи зӯроварӣ дар оила баррасӣ шудааст. Мақомот барои пурзӯр кардани мубориза бо ин зуҳурот охири соли 2021 хушунат ба занро ҷиноят эълон карданд ва барои он ҷазои зиндон ҳам таъйин шуд.