Зиндаёд Субҳони Саид дар як таронааш басо бо сӯзу гудоз месуруд:
Дар давраи мо ошиқи дилхун намондааст,
Ҷонбозиҳои Лайливу Маҷнун намондааст...
Дар ҳақиқат аз он ишқи зебои афсонавӣ ва ҷонгудозе, ки васфашро дар қисаи “Фарҳоду Ширин”, “Юсуф ва Зулайхо”, “Лайлӣ ва Маҷнун”, “Комде ва Мадан” ва дигар достонҳои безаволи шоирони классикамон мехондем, имрӯз қариб, ки осоре намондааст. Замоне мардон ишқро бо баҳои ҷон мехариданд, вале дар замони муосир барои бархе ишқ танҳо як ибораи обшӯстае гаштааст, ки онро имрӯз пеши якеву фардо пеши нафари дигар ба забон меоранд, аммо ҳанӯз ҳам ошиқони ёфт мешаванд, ки барои ишқи худ ба ҳама ҷонбозиҳо қодиранд. Зиндагӣ бе ишқ маъниву фазои кошонаи инсон бе муҳаббат гармӣ надорад, аз ҳамин хотир мо дар “Рӯзи ошиқон” назари чанд нафарро дар боби ишқ ва ҷашн гирифтан ё нагирифтани “Рӯзи Валентини муқаддас” пурсон шудем.
Марям Турсунова, ҳунарманд:
Дилам аз ҷинси мард ях гашт, вале...
-Аҳли ҳунар бисёр дили ҳассос доранд, аз ҳамин хотир назари шуморо ба “Рӯзи ошиқон” донистан мехостем...
-Эҳ писарам, давраи ишқу ошиқии мо гузашта рафт, аз ҳамин хотир ман дигар ин идро ҷашн намегирам...
-Пештар ин идро бо кӣ ҷашн мегирифтед?
-Бо кӣ мешуд, албатта бо падари фарзандонам ҷашн мегирифтам. Тайёр будам, ки барояш ҷонамро фидо созам, вале афсӯс, ки ба қадри ишқу муҳаббати покам нарасида, домони дигареро гирифта рафт...
-Сабаби ба шумо хиёнат кардани ҷуфтатонро дар чӣ мебинед? Ситораҳоятон ба ҳамдигар мувофиқ наомаданд ё аз байнатон ба қавли мардум гурдаи сиёҳ гузашт?
-Ростӣ, то ҳол намедонам, ки дар зиндагӣ аз ман чи гуноҳе гузаштааст. Шавҳарам як марди бисёр булҳавас буд ва ба қадри зиндагии поку оилаи обод нарасида, соли 1994 тарки ману фарзандонам карду рафт. Бо ҳамин ишқи мо ба охир расид ва дилам аз ҷинси мард ях барин хунук шуд. Аз ҳамон вақт қарор додам, ки минбаъд ҳаётамро танҳо ба фарзандонам ва ба кор, яъне ба театр мебахшем.
-Пас дар замони шумо низ хиёнат ва булҳавасӣ буд?
-Буд, аммо ба дараҷаи ҳозира не. Ростӣ, ошиқони ҳозираро дида ҳайрон мешавам. Имрӯз ошиқ мешаванду аз байн се моҳ нагузашта байнашн дилхунукӣ сар мезанад ва ба осонӣ домони дигареро дошта, аз баҳри ишқу муҳаббати худ мегузаранд. Дар замони мо ошиқон то охир барои ишқашон мубориза мебурданд.
-Назаратон ба муҳаббат аз нигоҳи аввал чӣ гуна аст?
-Дар ҳақиқат ишқ танҳо як бор меҳмони кошонаи дили инсон мегардад. Одам бо як нигоҳ ошиқ мешавад ва сарфи назар аз он ки ба мақсад мерасад ё не, ҳамон ишқ то нафаси вопасин дар қалбаш ҳамчун як гавҳари ноёфт мемонед. Ишқи дубораву себора дуруғ аст. Ин дӯстдорӣ нест, балки танҳо як булҳаваи асту халос.
-Шумо “дилам аз ҷинси мард ях барин сард гашт” мегӯед, вале духтарон низ чандон моҳи бе айб нестанд. Давраҳои шуморо намедонам, вале дар замони муосир духтарон бештар ба ҷавонони пулдор ошиқ мешаванд. Бачаи камбағал агар дилаш хирмани ишқ бошад ҳам, ишқу муҳаббаташ ба касе лозим нест...
-Ишқе, ки ба хотири пулу мол, давлату сарват ё танҳо ба хотири сурати зоҳирӣ бошад, он ишқ нест. Ишқи асил, ишқи ҳақиқӣ қудрати бузурге дорад, ки шоҳу гадоро дар як тахт мешинонанд.
-Мегӯянд, ки аз ишқ то нафрат як қадам роҳ аст...?
-Дурӯғ аст ин, зеро диле, ки дӯст медорад, ҳеҷ гоҳ маъшуқашро бад дида наметавонад. Шахсан ман аз шавҳарам хиёнат дида, ӯро бахшида натавонистам, вале ишқе, ки нисбаташ доштам, т оба имрӯз ҳамчун як хотираи ширин дар дилам зинда аст.
-Дар рӯзи ошиқон ба ҷавонон чӣ таманниёт доред?
-Ман дар рӯзи ошиқон ба кулли ошиқон ишқи поку самимиро таманно дорам. Бигзор ҳама ошиқон ба висоли ҳамдигар бирасанд!
Фаридун Сафарзода, донишҷӯ:
Ишқамро дар дилам гӯр кардам!
-Шумо рӯзи ошиқонро ҷашн мегиред?
-Ҳар сол ҷашн мегирифтам, вале имсол ҷашн намегирам, чунки дигар ошиқ нестам!
-Пештар ошиқи кӣ будед ва сабаби ҷудоиятон чист?
-Ному насаби он бевафоро гуфтан намехоҳам, зеро ин аз рӯйи мардӣ нест. Сирри мардон пӯшида беҳ гуфтаанд, барои ҳамин бигзор махфӣ бимонад.
-Дар рӯзи ошиқон ба дӯстдоштаатон чӣ тӯҳфа мекардед?
-Бештар ширинӣ ва гул ҳадя мекардам. Орзуҳои зиёде доштам, вале афсӯс, ки...
-Ягон хотираи ширинатонро аз ишқи аввал қисса мекардед?
-Хотираҳо зиёданд, вале ман ишқамро дар қафаси синаам кайҳо гӯр кардааму намехоҳам бо қисса кардани он хотирот захми диламиаз нав хуншор гардад.
-Ба назари шумо дар замони муосир ишқи ҳақиқӣ вуҷуд дорад?
-Бовар надорам, агар бошад ҳам, ангуштшумор аст.
Маъруфи Зарафшонӣ, сароянда:
Дар синфи 7 ошиқ шудам!
-Маъруф мегӯянд, ки сарояндаҳо булҳавасанд ва ҳар рӯз ба як духтар ошиқ шуда, маъшуқаҳояшонро мисли дастпӯшак тез-тез иваз мекунанд. Ин овозаҳо ҳақиқат доранд?
-Ростӣ, ман ҳофизи машҳур нестам ва ба ҷойи дигарон дар ин бора бо дили пур чизе гуфта наметавонам. Эҳтимол онҳое, ки мухлисони зиёд доранд ва духтарон мисли селаи занбӯри асал аз пасашон медаванд, маъшуқаҳояшонро тез-тез иваш карда истанд....
-Гуфтаниед, ки шумо духтарбоз ва булҳавас нестед?
-Ман синфи 7 ё 8 мехондам, ки ошқ шудам ва то ба имрӯз оташи ана ҳамон ишқ дар дилам хомӯш нагаштааст...
-Ин хел бошад, бигӯед, ки дар “Рӯзи ошиқон” ба дӯстдоштаатон чӣ туҳфа мекунед?
-Пеш аз ҳама суруд!
-Суруде, ки бадӯстдоштаатон тӯҳфа мекунед, ба зиндагии худи шумо рабт дорад ё не?
-Бале, кӯшиш мекунем, ки эҳсосотамро бо воситаи суруд ба маҳбуби дилам расонам.
-Дар рӯзи ошиқон ба ҷавонон чӣ гуфтаниед?
-Ман таманниёти худро бо чаҳор мисраъ шеър ба кулли ошиқон расониданиям:
-Ёрон, ёрон, зи ҳам ҷудоӣ накунед,
Дар дил ҳаваси гурезпоӣ накунед,
Чун ҷумла якед, дуҳавоӣ накунед,
Фармуди Худост, бевафоӣ накунед!
Ф. Сатторӣ
М. Усмонзода