Суди вилояти Хатлон як ноболиғро дар куштори ронандаи таксӣ Лутфулло Сафаров дар ноҳияи Ёвон гунаҳкор дониста, ба муҳлати 12 сол равонаи зиндон намудааст.
Тавре расонаҳо дар такя ба манобеи худ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ навиштаанд, ҳукм рӯзи 28-уми июл содир шудааст, вале номи маҳкумшуда бо сабаби ноболиғ буданаш ифшо карда намешавад.
Ёдрас мешавем, ки ҷисми беҷони Лутфулло Сафаровро, ки ронандаи ширкати “3333” буда, дар ноҳияи Ёвон кор мекард ва падари чаҳор фарзанд буд, рӯзи 4-уми апрели соли равон сокинони маҳаллӣ аз заминҳои кишт пайдо карданд. Наздикони марҳум гуфтаанд, ки ӯро бо 9 зарбаи корд ба қатл расонида, мошинашро низ рабудаанд.
Дар робита бо куштори ин ронандаи таксӣ як ҷавони ноболиғ боздошт шуда, аз ҷониби суд бар асоси қисми 2-и моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои одамакушӣ бо бераҳмии махсус ва қисми 4-и моддаи 249 ба 12 сол зиндон маҳкум гаштааст.